Аё модар, шунидам пир гаштӣ,
Зи тақдири бадам дилгир гаштӣ.
Маро тақдир берун аз ватан кард,
Ту ҳам бемори ин тақдир гаштӣ.
Калимаи «модар»-ро натанҳо нисбат ба инсон, балки нисбат ба ҳайвонон низ истифода бурда мешавад. Дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ модаронро «оча», «очаҷон» «апа», «бибӣ», «нана» ва «мома» низ садо менамоянд. Калимаи Модар асосан дар адабиёт (китобу маҷаллаҳо) бештар навишта мешавад. Маҳз ин ном дар зиёда аз 50%-и забонҳои ҷаҳон бо ҳарфи «М» оғоз ёфта, ба ҳам бе ниҳоят монаданд. Табиатан модарон меҳрубонтар, пуртоқаттар, нозуктар ва хушбӯйтар мешаванд.
Илҳоми САЙМУРТАЗО,
донишҷӯи соли 5-уми факултети
химия, биология ва география