Донишҷӯёни зерини Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати сазовор гардидан ба Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли
таҳсили 2020-2021 мушарраф гардиданд.
- Латифов Манучеҳр Зикруллоевич, донишҷӯи соли 4-уми факултети физика ва математика, ихтисоси информатика;
- Алиева Муҳатара Маҳмудовна, донишҷӯи соли 3-юми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ. Забон ва адабиёти рус;
- Суярзода Мафтунаи Отамурод, донишҷӯи соли 3-юми факултети филологияи хориҷӣ, ихтисоси забони англисӣ;
- Балучева Зебо Боиршоевна, донишҷӯи соли 4-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик;
- Дилнозаи Худойназар, донишҷӯи соли 3-юми факултети химия биология ва география, ихтисоси химия ва биология.
Раёсати донишгоҳ донишҷӯёнро барои ин комёбӣ табрик намуда, дар оянда ба корҳои илмияшон бурдбориҳоро таманно мекунад.
-+