Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ҶАВОНОН ВА ИНТИХОБИ КАСБ

ҶАВОНОН ВА ИНТИХОБИ КАСБ

by admin
578 views

Ҷавонон як рукни асосии ҷамъияту давлат ба ҳисоб мераванд. Вазифаи ҳар як ҷавон аз он иборат аст, ки дар муасисаҳои миёна ва олии касбӣ таҳсил намуда, барои худ касб ва шуғлеро интихоб намояд. Ба воситаи касби интихобкардааш тавонад барои пешрафти давлату ҷамъият саҳми арзандае гузорад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Баъзан наврасон ва ҷавононе ёфт мешаванд, ки ба ҳамаи ин неъмату давлати ободу зебо шукрона накарда, ба хар гуна дастаҳои зидидавлатӣ ва бо шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба давлат зарари моддию маънавӣ мерасонанд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар гирифта, соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда буд, то ин ки ҳар як ҷавони воқеъбин ақлу заковати хешро бештар барои аз бар намудани илму дониш сарф кунад. Нест ҷавоне, ки дар дил орзуи расидан ба қуллаҳои баланди муродро накарда бошад, Мо-ҷавононро мебояд аз оромию осудагӣ ва зебогии диёрамон рӯҳияи тоза гирифта, бо дониши хуб таҳсил намоему барои пешрафти он камари ҳиммат бубандем. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки ҷавонони созандаву садоқатманди мо намегузоранд, то қадами нопоке ба хоки зархези Тоҷикистон, ки бо кӯшишу ҷонисориҳои зиёде аз мардони бонангу ори ин миллат сабз гаштааст, расаду онро ҷангзадаву нопок созад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як сафарҳояш ба мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон барои ба касбҳои гуногун фаро гирифтани ҷавонон, байни давлатҳо шартномаҳо ба имзо мерасонад, то ин ки ҷавонон рафта таҳсили илм кунанду ҳамчун мутахассиси варзида барои пешрафти ватани маҳбубамон саҳми худро гузоранд.

Моро зарур аст, ки аз ватандӯстиву андешаҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси ибрат гирем ва онро пешаи ҳамешагии худ қарор диҳем.

Шарифзода АБДУРАУФ,

донишҷӯи соли 2-юми факултети

таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Related Articles

Leave a Comment