Чӣ хеле ки аз навор дидем, яке аз намояндагони гурӯҳи экстремистӣ-террористӣ Кабирӣ ном шахс хиёнаткори ватан аст, ки ба ватани хеш хиёнат кардааст. Ӯ бо ҳар гуна дасисабозиҳои худ ҷавонони содаро аз роҳ мезанад. Онҳо ба ҷое, ки обрӯю эътибори Тоҷикистонро бардоранд, ба ҳар гуна зинокорӣ даст зада, ба халқи худ хиёнат карданд. Дар айни замон давлатамон ба ҷавонон ҳама гуна шароитҳоро фароҳам овардааст. Мо, бояд аз ин тинҷию оромии замон истифода бурда, барои зиндагии хуби хеш ва барои рушди миллат ва пешрафти ватан саъю кӯшиш намоем. Мо бояд ҳамчун фарзанди фахрии миллат ба ҷумҳуриямон хизмат намоем.
Мутаассифона, имрӯзҳо баъзе ҷавонон ба урфу одатҳои бегона тақлид мекунанд. Инсони комил бояд пайваста барои донишандӯзӣ кӯшиш намуда, фарҳанги миллии тоҷиконро оқилона истифода барад, зеро ки мо тоҷикон ҳамеша бо фарҳанг иртибот доштем.
Барои мағлуб кардани экстремизм ва терроризм, халос шудан аз ин падидаи хатарноки манфии иҷтимоӣ, тамоми нерӯҳои ҷомеа, истифодаи оқилонаи онҳо, корҳои маънавӣ, ахлоқӣ ва психологиро бо ҷавонон муттаҳид кардан лозим аст. Кори доимӣ ва ҳамаҷониба оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, экстремизм, беэътиноӣ ва ҷиноят хусусан дар байни ҷавонон муҳим аст. Аз ин рӯ, барои ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудан аз тарафи маъмурияти ҳар факултаи донишкада филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дар соатҳои тарбиявӣ барои донишчӯён намоиш дода мешавад. Пас, аз хотима ёфтани филм донишҷӯён таасуроти худро бобати филми мазкур иброз менамоянд.
Чанде аз ин фикру мулоҳизаҳо бобати масъалаи мазкур:
- Аввалин таасуроте, ки мо пас аз тамошои филми “ Хиёнат” ба худ гирифтем, ин он буд, ки мо фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нашавем. Якумин чизе, ки моро фирефтаи ин гурӯҳҳо месозад, аз сатҳи саводнокии ҳар як шахс вобастагӣ дорад. Инсони бомаърифат, сатҳи саводнокии баланд дошта, хеҷ гоҳ фирефтаи ҳеҷ як гурӯҳе, ифротгаре, хиёнатгаре намешавад. Бо вуҷуди он, дар ҷомеаи имрӯза ҷавононе ба назар мерасанд, ки бо як сухани пуч, ваъдаҳои холӣ ба ин гурӯҳҳо шомил шуда, ҳаёти ширини худро барбод медиҳанд, аммо ин суде надорад. Дар урфият гуфтаанд: «Шахсияте, ки ба ватани хеш хиёнат мекунад, ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳад шуд».
- Хоинон ва ватанфурӯшон дар ҳама давру замон буданд ва ҳастанд, вале дар таърихи Тоҷикистон ваҳшонияте, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шуда гузашт, ҳатто тасаввур кардан номумкин аст. Хоинию ҷоҳилие, ки аз ҷониби баъзе ашхоси бефаҳму бешуур нисбат ба халқи тоҷик ва давлати Тоҷикистон раво дода шуд, бахшидан нашояд. Зеро хоинон сазовори ҷазои сахт ва нобахшиданист. Хулоса, аз тамошои филми тарбиявии “Хиёнат” дар он аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ибрат гирифта, нисбат ба давлату миллат ҷоннисор ва дӯстдор бошанд.
- Дар филми мазкур оид ба рӯзҳои мудҳише, ки ба сари миллати тоҷик омадаасту чӣ қадар одамони бегоноҳро ба азобу шиканҷаҳо рӯ ба рӯ кардааст, хотиррасон менамояд. Аз наворҳо маълум гашт, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор ҷавонону мардон кушта шуданд, 55 ҳазор кӯдакон ятим ва 2800 нафар занон бе шавҳар монданд. Дар ҳамон лахзаҳои рӯзҳои соли 1990 назар андозем, аз тарафи гурӯҳҳои экстремисти террористӣ ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ даст зада буданд. Сокинони вилояти Кӯлоб дар давоми 8 моҳ дар муҳосираи иқтисодӣ дучор гашта, боиси бемориҳои сироятии гуногун гаштанд. Ҳамаи ҳамин рӯзҳои мудҳиш бо роҳандозии ақидаҳои диниву сиёсии ҳизби мазкур, ки аз таълимоти ташкилоти дигари байналмиллалии террориятӣ “Ихвон-ул-муслимин” сарчашма мегирад, зидди давлату миллати хеш қиём кардаанд. Дар ҳамин асос аз байни мардуми тоҷик ҷавонони зиёдеро гумроҳ намуданд ва онҳо ба ватани худ хиёнат карда марзу буми кишварро ноором сохтанд. Ҳоло мо шукргузорем, ки дар муҳити орому осоишта зиндагӣ ва таҳсил дорем ва даврони Истиқлолиятро қадр менамоем.
- Аз наворҳои мазкур маълум гашт, ки аз ҳисоби шуурнокии пасти баъзе шахсон давлати Тоҷикистон чӣ рӯзҳоеро аз сар гузаронидааст. Дар натиҷаи амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ чӣ қадар фарзандони фарзонаи миллат, ки бо заҳмату хидматҳои шоистаи худ обрӯю эътибори миллати тоҷикро баланд бардоштаанд ба қатл расониданд. Дар навор инчунин оид ба бемории COVID-19 пешгирӣ ва табобати он, расонидани кӯмакпулӣ ва хайрияҳои башардӯстона мушоҳида карда шуд.
Бо дидани чунин наворҳо ҳар як инсони боору номус ба ваҷҳ омада шукргузорӣ менамояд, ки чунин рӯзҳои даҳшатоварро паси сар кардааст. Ман аз ин тамошои филми “Хиёнат” хулоса баровардам, ки нисоният набояд ба хиёнат даст занад, зеро ки гуфтаанд: «Касе, ки ба иштибоҳ роҳ додааст, бахшидан мумкин аст, аммо касе, ки хиёнат кардааст, бахшидан нахоҳад шуд».
Меъроҷ КАРИМОВ,
донишҷӯи факултети физика ва математика