Зи меҳри синаи пулодиат дар ҳайратам ман,
Ба ранҷе, ки кашидӣ аз бароям хурсандам ман.
Шаби бехобии ту баҳри хоби ман намеарзад,
Туро то Каъба бар пуштам барам, ай мордари ман.
Бидидам ман касонеро, ки надонистанд қадратро,
Ҳар оина онҳо гирифтори азобанд, модари ман.
Биҳишт зери қудуми модарон аст, мегӯянд доим,
Бикун авфам, ки ман ҳам дар азобам модари ман.
Диловар СУЛТОНОВ,
донишҷӯи соли 1-уми факултети филологияи рус