Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ ФИЛМИ МУСТАНАДИ «ХИЁНАТ»

АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ ФИЛМИ МУСТАНАДИ «ХИЁНАТ»

by admin
276 views

Пас аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ  замоне халқи тоҷик дар ватанаш беватан буд, гуреза буд, сарсону саргардон, гушнаю ташнаю дар ба дар буд, дар вуҷудаш тарс дошт. Тарс аз марг, аз гушнагӣ, тарс барои аз даст додани фарзанд дошт. Бародар хуни бародар мерезонду падар бо писар душман буд ва модаре аз фарзандаш ҷудо. Бале, ин нобасомониҳои давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буданд.

Дар он давраҳои хело ҳасос қувваҳои гунон роҳҳои ғайриқонуниро пеш гирифта, ба хотири манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш соҳибистиқлолии кишварро зери хавф гузоштанд. Он афроди пасту хоинони ватанфурӯш ба мафкураи мардуми бесоводу аз дониш дур ва ҷавонони хому беандеша ақидаҳои нопоку нақшаҳои палидонаро ҷой доданд ва онҳоро ба сӯйи хонавайрониву ватанхаробӣ, хунрезиву ваҳшонияту бедодгарӣ раҳнамун карданд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин бесарусомониҳо хуршеди бахт ба сӯйи мардуми азияткашидаи тоҷик тулӯъ кард. Баъди ҷаҳолати зиёд, оқибат мардуми тоҷик як қадами дуруст гузошту як интихоби саҳеҳ кард, ки то ҳол аз самараи ин интихоб меваи ширини озодиро мечашад. Ва ин интихоб Эмомалӣ Раҳмон буд! Он нафаре, ки имрӯз ӯро ҷаҳониён чун Пешвои миллати тамаддунофари тоҷик мешиносанду эътироф мекунанд. Он нафаре, ки лаҳзаи аз хотири мардум рафтани калимаи умед, дубора умеди тозае оварду гуфт: “Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам! Ман осуда намегардам, то он даме, ки охирон гурезаи тоҷикро ба Ватан барнагардонам! ” Ин суханон дар дили ҳар як фарди азияткашидаву ранҷдидаи тоҷик аз нав шӯълаи умеду бовариро афрӯхт. Ва ҳоло тамоми дунё шоҳид гашт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ваъдаҳои додааш на танҳо вафо кард, балки аз ваъдаҳои додааш зиёдтар обод карду сохт ва бунёд кард. Албатта, дар якҷоягӣ ва бо дастгирии мардуми шарифу сарбаланди тоҷик, вале мутаассифона, ҳама вақт пайдо мешаванд нафароне, ки ба хушбахтии миллату давлат бо чашми ҳасад менигаранду аз пайи хароб кардани ободӣ мешаванд. Ин гуна ашхос баъди фурӯ рафтани ҷанги шаҳрвандӣ низ ором нанишастанд ва дубора хиёнат, ҷаҳолат, разолат ва амалҳои манфури пасипардагии худро идома доданд, ки мо баъди тамошои филми мустанади “Хиёнат ” саросари Тоҷикистон аз ҳамаи ин ба хубӣ огоҳ гардид. 

 Дар филми мазкур далелҳои шайъӣ ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароиву террористии ин афроди фурӯхташуда нишон дода шудааст. Аз ин пас мардуми тоҷик дигар ба ин фитнаҳову шӯру мағалҳои онҳо бовар намекунанд, дигар миллати тоҷик тобеи фикри ҳеҷ кас нест, худ хулоса мебароранд ва некро аз бад ҷудо карда метавонанд. Бо тамошои ин филм ҳатто тасаввур кардани даҳшати он рӯзҳои шум барои мо мушкил аст. Вой бар ҳоли кӯдакони он давру замон, ки аз волидайн ҷудову саргардон ва бепарастор монданд ва модарони озурдаву ҷигарсӯз, ки шавҳару фарзандон ва хонаву дари худро аз даст доданду зери зулму ситами ин хоинон қарор доштанд.

Дар филми мустанади «Хиёнат» кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) комилан фош карда шудаанд. Филми мазкур дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизби собиқ ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро мунсифона тасвир намоянд. Дар ин филм, ки ҳеҷ ному нишоне аз созандаи он вуҷуд надорад, асосан суҳбат аз ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ рафтааст. “Хиёнат” ба сурати як мустанади 210 дақиқаӣ дар се бахш намоиш дода шуд, ки дар он эътирофоти афроди маҳкум ва боздоштшуда пахш гардидааст.  Аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ изҳор мекарданду мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанд, дар наҳзат буданд, бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир карданд, баъзе ин суханҳоро нодида мегиранд.  Бо вуҷуди он, ки 99 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмон буда, аз мазҳаби Имом Абӯҳанифа пайравӣ мекунанд, аммо аъзои ҳизб мехостанд, ки бо ин роҳ фикру андешаҳои заҳролуди худро дар байни мардум мунташир намоянд.

Тайи солҳои охир бошад, фаъолияти тахрибкоронаи худро дар кишварҳои Аврупо торафт таҳким бахшида, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳои хабарӣ ба зидди ҳукумат ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғоти густурда ва гумроҳкунандаро ба роҳ монда, туҳмату буҳтон паҳн намуда, нуфузу ҳайсияти кишвари моро дар сатҳи байналмилалӣ паст заданӣ шуданд. Вале дар урфият мегӯянд, ки “бори каҷ ба манзил намерасад”. Солҳои охир бисёр пардаҳо аз рӯйи хиёнату ҷиноятҳои ин созмони тахрибкори террористию эксртемистӣ бардошта мешавад ва симои аслии роҳбарон ва хоҷагони хориҷии онҳо дар назари ҳамагон намоён мегардад. Ба ин филми мустанади “Хиёнат” мисоли возеҳу равшан мебошад.

Мо мутааҳид ба олитарин сатҳи эҳтиром ба ҳукумати мустақил ва роҳу равиши зиндагӣ дар кишвари Тоҷикистон ҳастем. Мо имрӯз аз ин ҳам бархурдорем, ки хиёнаткорони ватан аз меҳру муҳаббати Модар-Ватан дур монда, даст ба нооромии миллат, халқ ва Ватан зада истодаанд. 

Комрони АБДУЛЛО,

донишҷӯи  соли 4-уми факултети 

химия,  биология ва география

Related Articles

Leave a Comment