Home АНДЕША СУҲБАТ БО МУҲАҚҚИҚИ 75-СОЛАИ ОСОРИ АЛИИ ҲАМАДОНӢ

СУҲБАТ БО МУҲАҚҚИҚИ 75-СОЛАИ ОСОРИ АЛИИ ҲАМАДОНӢ

by admin
477 views

Бахшида ба 75-солагии омӯзгор, нависанда, шоир, публисист, таърихнигор, ходими калони Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Раҷаб Асозода

Устод, имсол аз умри пурбаракати Шумо 75 сол паси сар шуд. Бештари умри худро ба таҳқиқ ва омӯзиши рӯзгор ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшидаед. Мехостам дар бораи дараҷаи омӯзиши ин мавзӯъ дар ҳамадоншиносӣ нуқтаи назари хешро иброз медоштед.

Бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё кардан ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани арзишҳои миллию фарҳангии дар тӯли асрҳо фаромӯшшудаи ин кӯҳандиёр аст. Барҳақ, зимомдори чунин сиёсати фарҳангсолорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдат милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бо ибтикори ватандӯстонаи ин марди накӯном бузургони илму адаби ҷаҳоншумули тоҷик аз нав зинда мегарданд.

Шахсияти беназир ва осори дилпазири Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ асрҳост, ки диққати аҳли илму донишро ҷалб менамояд ва то имрӯз ин шавқи донистан ва омӯхтан кам намешавад. Омӯзиши шарҳи ҳол ва фаъолияти эҷодии ӯ ҳанӯз як сол баъд аз фавташон оғоз гардида буд. Муриди ӯ Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ ва муриди Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ – Ҳайдари Бадахшӣ бо номи “Хулосат–ул–маноқиб” ва “Мастурот” рисолаҳо таълиф намудаанд. Аз он давр то инҷониб муҳақиқон аз ин сарчашмаҳо арзишманд истифода менамоянд.

Яке аз масъалаҳое, ки имрӯзҳо дар назди муҳаққиқон истодааст, огоҳӣ аз корҳои анҷомёфта дар ин боб мебошад. Бо мақсади баррасиии масъалаи омӯзиши шахсият ва пажӯҳиши осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ лозим аст, ки он таълифотро мухтасаран аз назар гузаронем.

Маводди дастрас дар ҳамадонишиносӣ нишон дод, ки масъалаи омӯзиши шахсият ва пажӯҳиши осори Мир Сайид Алии Ҳамадонро ба се давра ҷудо кардан мувофиқи мақсад аст:

  1. Давраи аввал, аз замони зиндагӣ то ибтидои солҳои 20 – уми асри XX, ё худ нигоҳе ба сарчашмаҳои таърихию адабӣ.
  2. Давраи дуюм, тадқиқотҳои даврони шӯравӣ.
  3. Давраи сеюм, пажӯҳишҳои давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

 

Кадом сарчашмаҳои таърихӣ оид ба зиндагинома ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маълумоти вазеҳ медиҳанд?

Ба иловаи он ду китоби зикршудаи Нуриддини Ҷафари Бадахшӣ ва Ҳайдари Бадахшӣ бисёр сарчашмаҳои таърихию адабӣ аз қабили “Нафаҳот–ул–унс”–и Абдураҳмони Ҷомӣ, “Оташкада”–и Лутфалибеки Озар, “Ҷавҳар–ул–осор”–и Ҳусайни Сабзаворӣ, “Равзат–уҷ–ҷинон”–и Ҳофизи Карбалоӣ, “Хазинат–ул-асфиё”–и Ғулом Сарвари Лоҳурӣ, “Низом–ул–маноқо”–и Ғулом Муҳаммади Тароӣ, “Маҷолис–ул-ушшоқ”–и Мир Султон Ҳусайн Муҳаммад Қосими Ҳиндушоҳ, “Таърихи фаришта”–и Мулло Муҳаммад Қосими Ҳиндушоҳ дар бораи аҳвол ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маълумотҳои ҷолиб баён намудаанд.

 

Омӯзиши осори Алии Ҳамадонӣ то замони Истиқлолияти давлатӣ дар кадом поя қарор дошт?

Ҷӯстуҷӯи маводҳои бойгонӣ дарак медиҳанд, ки оид ба ин шахсияти таърихӣ ва мақбараи вай ҳанӯз дар солҳои 40–уми асри гузашта маълумотҳои нахустин тариқи рӯзномаҳо дарҷ шудаанд. Таъкид месозам, ки он маълумотҳо хусусияти умумӣ (обзорӣ) дошта, танҳо аз мавҷуд будани чунин як ёдгории таъриху бостонӣ дар шаҳри Кӯлоб дарак медоданд.

Ахбороти дар солҳои 40–50–уми асри гузашта дарҷ шуда ноқису номукаммаланд ва чандон қимати илмӣ надоранд, вале муаллифони русзабон ба вазъи номусоиди замон нигоҳ накарда, ҷасорати бузурге нишон доданд ва дар ҳифзу побарҷо мондани Мақбараи Алии Ҳамаданӣ хизмати арзанда карданд. Вақте ки дар солҳои 50–ум масҷиди қадимаи назди мақбара бо номи Масҷиди сари мазор аз тарафи фаъолони сохтори мавҷуда канда шуда, ба харобазор табдил меёбад, як гурӯҳ рӯзноманигорон, зиёиён, муаррихони тоҷику рус чанд нигоштае дар матбуоти русӣ чоп мекунад, то ки Мақбараи Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ ҳамчун ёдгории археологии асримиёнагӣ нигоҳ дошта шавад. Яке аз чунин хабарҳое, ки дар рӯзномаи “Коммунист Таджикистана” чоп шуда буд, мақолаи бостоншиноси рус Воронина В. С. ба шумор мерафт.

Бостошиноси рус Воронина В. С. ба шаҳри Кӯлоб сафар намуда, ҷуръати азиме карда, оид ба мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ҳолати ногувори он маълумоти мухтасаре пешниҳод мекунад. (Воронина В.С. Гробница Эмира Хамадонӣ, Рӯзномаи “Коммунист Таджикистана”). Баъди як сол муаррих ва бостоншиноси дигари рус Колпаков А. П, бори нахуст дар замони шӯравӣ ба таври мухтасар дар бораи аҳволу осори Алии Ҳамадонӣ ва мақбараи ӯ маълумоти нисбатан пурра додааст. (Баъзе малумотҳо оид ба гузарҳои то инқилоби шаҳри Кӯлоб Известия ОН. АН Таджикистана).

Ба ҳамин тариқ, то солҳои 70–уми асри гузашта оид ба ҳаёту фаъолияти эҷодии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мақбараи он дигар маводе дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба назар намерасад. Вале як нуқтаи муҳимро бояд қайд намоем, ки он ду маълумоти мухтасаре, ки аз тарафи муаллифони номбаршуда ба забони русӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо дарҷ гардидаанд, диққати аҳли илму таҳқиқ ва олимону бостоншиносонро ба омӯзиши ҳаёту фаъолияти Алии Ҳамадонӣ ва мақбараи он хушдор доданд. Шояд аз вазъи номусоиди замон буд, ки то солҳои 70–уми асри гузашта ягон муҳаққиқи тоҷик ба забони модарияш оид ба ин ёдгории таърихӣ ва мутааллиқи он маълумоте надодааст.

Омӯзиши аҳволу осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҷониби олимони тоҷик солҳои 70–уми асри XX шурӯъ шуд. Аспиранти Институти фалсафаи АУ Тоҷикистон Моҳирхуҷа Султонов мувофиқи тавсияи устодон ба таҳқиқу омӯзиши ҳаёт ва фаолияти эҷодии Алии Ҳамадонӣ сар кард. Баъдтар оид ба аҳвол ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ китобчае бо унвони “Ҳақиқат дар бораи Ҳазрати Амирҷон” (1975) ба ёрии воизон (лекторони ҷамъияти “Дониш”–и ҷумҳурӣ) нашр намуд.

 

Аз уламои машриқзамин киҳо дар омӯзиши ин шахсияти шариф саҳми босазо гузоштаанд?

-Адабиёти илмӣ, илмӣ–оммавӣ ва бадеӣ, ки дар садаи XX–ум ва XXI дар мамолики Шарқу Ғарб оид ба ин мавӯзъ табъу нашр гардидаанд, ниҳоят зиёданд. Мо тасмим гирифтем, ки ба таври мухтасар аз он таълифотҳои нашршуда ёдовар шавем.

Ҳамчунин, дар ин давра рисолаҳои гуногунҳаҷму гуногунмазмун дар Эрон, Ҳиндустону Покистон аз қабили “Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ”–и Сайида Ашрафи Зафар, “Анфоси қудсия” ва “Ақвол–ус-содиқин”–и Мавлоно Муҳаммад Қосими Бухороӣ, “Шоҳи Ҳамадонӣ”–и Доктор Сайид Ҳусайншоҳи Ҳамадонӣ, “Зурриёти Расул” ва “Урват–ул–вусоқ”–и Мавлавӣ Сайид Муҳммади Ҳамадонӣ, “Аҳвол ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ”–и Муҳаммад Риёз, “Мураввиҷи ислом”–и Парвизи Азкоӣ, “Шоҳи Ҳамадон”–и Шамсиддин Аҳмад.

Дар боби ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, чоп ва омӯзиши аҳволу осори Алии Ҳамадонӣ дар АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб”, Ассотситсия исломии “Шоҳи Ҳамадон”–и шаҳри Равалпиндии Покистон, марказҳои илмии Эрону Кашмир низ корҳои хубе анҷом ёфтаанд. Имрӯз дар ҳамадонишиносии муосир зарурати ташкили бунёди ҷаҳонии ҳамадонишиносӣ пеш омадааст. Ва байни давлатҳое, ки чун ворисони Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имкони ташкили бунёдро доранд. Тоҷикистону Ҳинду Покистон мебошанд.

 

То солҳои 90–уми асри гузашта аз тарафи кормандони Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ маводе рӯйи нашр омадааст?

 –Бале, кормандони ин даргоҳи маърифат оид ба рӯзгор, осори аллома, ҳамчунин доир ба таърихи биноёбии Мақбараи ин олими машҳури машриқзамин мақолаю рисолаҳои алоҳида таълиф намуданд. Аз ҷумла, собиқ кормандони эҷодии осорхона Иброҳим Ҷалилзода, Музаффар Азизов, Сипеҳри Ҳасанзод ва дигарон чанд гузориш ва мақолаҳои илмӣ таърихӣ нашр сохтанд.

  Албатта, хонандаи азиз бо гузоришҳои илмӣ, таҳия ва китобҳои ҷудогонаи банда ҳамроҳии фарзанди арҷмандам Ҳотам Асозода ба хубӣ шиносоӣ доранд, ки ҳамадонишиносӣ тоҷик он солҳо маводди бунёдӣ ба шумор мерафтанд.

PS: Хонандаи гиромӣ, тавре ки дар ибтидо гушзад намудем, устод Ҳоҷӣ Раҷаб Асозода ба синни мубораки 75 қадам ранҷа намуданд. Мо, ҳама ихлосмандон, шогирдон ёру дӯстон устодро ба шарафи ин санаи пуршараф аз самими қалб табрик намуда, ба ӯ тани сиҳат, рӯзгори пурфайзу бобаракат, комёбиҳои тозаи эҷодиро хоҳонем.

 Умедҷони МАҲМАДАЛӢ,

роҳбалади Осорхонаи мероси адабӣ ва

осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Related Articles

Leave a Comment