Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БАЁНГАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БАЁНГАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

by admin
300 views

Рӯзи 26.01.2021 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор карда шуд. Оғози сухан роҷеъ ба мушкилоти иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат, вазъи саломатии аҳолӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ буд. Инчунин, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат таҳлилу баррасӣ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки Паём худ барномаи ҳаётан муҳим баҳри рушди давлатдорӣ буда, дар он фаъолияти солонаи ҳама вазорату сохторҳо таҳлилу арзёбӣ гардида, нақшаю барномаҳо баҳри созмон додани корҳо дар оянда таҳрезӣ карда мешаванд. Албатта, ин имкон медиҳанд, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаёти халқ рушд намуда, боиси пешрафту шукуфоии мамлакат гарданд. Марҳила ба марҳила зиёд намудани музди маош, нафақа, идрорпулии муҳасилин, озод намудани тамоми кишоварзон аз пардохти ягонаи замин дар соли 2021 низ қобили таҳсин буда, яке аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.

Бояд қайд кард, ки Паёми имсола характери сиёсӣ ва огоҳнамоӣ дошта, пеш аз ҳама, аз ҳар як шаҳрванди худогоҳ, ватандӯст, инчунин аз масъулини соҳаҳо тадбирандешиҳои саривақтиро тақозо менамояд. Чунон ки қайд карда шуд, ба қавли намояндагони СММ эҳтимол соли 2021 соли аз ҳама мураккаб баҳри кулли мамлакатҳо гардад. Воқеан вақте бо сабабҳои гуногун воридоту содироти молу маҳсулот қатъ мегардад, ин боиси болоравии нарх дар бозорҳо мешавад. Бинобар ин, таъкидҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт бисёр бамаврид ва саривақтӣ буда, аз ҳар як шахси худогоҳ масъулияти баландро талаб менамояд. Чунон ки таҳлилҳо аз Паём то Паём собит менамоянд, пешравиҳо дар соҳаи илму маориф низ хеле назаррасанд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар нақшаву барномаҳо дар сиёсати худ соҳаи илм ва маорифро дар мадди аввал гузошта, пайваста баҳри рушду нумӯи он тадбирҳои зарурӣ меандшанд. Соли сипаригашта бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон додани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Тоҷикистон- ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва амсоли инҳо боиси рӯ овардани хурду бузурги мамлакат ба китобхонию китобдорӣ гардида, инчунин ҳазорҳо нафар иштирокчиёни озмунҳо теъдоди зиёди ғазалу достонҳои бузургонро аз бар намуда, ғолибони озмунҳо бо тӯҳфаву ифтихорномаҳои арзишманд сарфароз гардонида шуданд. Анаъанаи мазкур солҳои оянда низ бо ташкил ва баргузор намудани озмунҳои сатҳи баланд бо номи “Илм-фурӯғи маърифат” идома хоҳад ёфт. Албатта, ҳамаи ин имкон медиҳад, ки халқи тоҷик пеш аз ҳама пайрави аҷдодони худ бошанд ва анъанаи волофарҳангии худро аз даст надода, ба муқобили ҳар гуна зуҳурот, аз қабили бегонапарастӣ ва тақлидкориҳо роҳ надиҳанд. Инчунин, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намудан ба омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ низ аз аҳамият холӣ нест, чунки ҳанӯз дар дунёи қадим ба масъалаи омӯзиши илмҳои дақиқ, бахусус риёзиёт аз ҷониби олимон, файласуфон диққати ҷиддӣ дода мешуд. Дар пештоқи мактаби Арасту навишта шудани шиори «Касе, ки илми риёзиро намедонад, ба дохил ворид нашавад.” далели ин гуфтаҳост.

Воқеан соҳаи илму маърифат масъулияти баланд ва муносибати ҷиддиро талаб намуда, боиси пешрафти давлат мегардад. Чунон ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд “…ҳеҷ давлати дунё бе соҳаи илм ва маориф пеш рафта наметавонад”.

Дар баробари пешравиҳои назарраси соҳаи маориф, ҳамчунин ҷиҳати таъмини сифати таҳсилот ва баланд бардоштани дониши муҳассилин аз мо, омӯзгорон масъулияти бештареро тақозо мекунад. Дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, моро водор месозад, ки диққати наврасон, хонандагону донишҷӯёнро баҳри аз бар намудани донишҳои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ҷалб намоем. Маълум аст, ки бе дониш ва илм наметавон ояндаро бунёд кард. Дониш ва илм дар асри XX ва XXI мазмуну мундариҷаи хоса пайдо намуда, ба нерӯи пешбарандаи ҳар як ҷомеа табдил ёфтааст. Масъалаи мазкур дар замони мо, ки дар давраи ҷаҳонишавист, маънии амиқе касб намудааст.

Баҳри бартараф намудани мушкилотҳои экологии замони муосир дар сайёра ҷумҳурии мо зери роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми беандоза дорад. Бо пешниҳодҳои сатҳи баланди экологӣ дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Бояд қайд кард, ки дар пешрафти ҷомеа имрӯз дар баробари мардҳо нақши бонувон низ хеле назаррас аст. Бонувон низ дар ҷомеи муосир нақши фаъол дошта, дар соҳаҳои маъориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳанд.

Таҳлилҳо аз Паём то Паём имкон медиҳад хулоса намоем, ки ободӣ, пешрафт ва рушди давлату ватандорӣ дар баробари фаъолияти дигар мақомоту сохторҳо аз соҳаи илму маориф низ вобастагии бузург дорад. Аз ин рӯ, мо ва аҳли зиёии мамлакатро зарур аст, ки баҳри омода намудани кадрҳои воқеан ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бештар заҳмат кашем, зеро дар ҳама давру замон ҷамъият ниёз ба ҷавонони донишманду бомаърифат дорад. Пешрафти ҳар як ҷамъият аз сатҳи маърифатнокии аҳолии он вобастагӣ дорад. Аҳли ҷомеаро зарур аст, ки сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарфа ҷонибдорӣ намуда, пайрави арзишҳои демократӣ ва ҷонибдори сулҳу суббот дар кишвар бошанд.

Насрулло АБДУЛЛОЕВ,

номзади илмҳои сиёсӣ,

мудири кафедраи фалсафа

 

Related Articles

Leave a Comment