Home ХАБАР ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

by admin
171 views

4-уми январ дар толори фарҳангии донишгоҳ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишмандон, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар вохӯрӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳақимзода, Хайрулло Амонулло, муовини раиси Ҳукумати шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Айниддин Холиқзода иштирок доштанд.

Орзу Ҳамидиён суҳбатро оғоз намуда, суханро ба Шарифҷон Ҳақимзода дод. Ҳакимзода зимни суханронӣ аз масълаҳои ташвишовари рӯзмара, оид ба истифодаи самараноки қувваи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ ибрози ақида намуд. Инчунин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло доир ба рушди соҳаи маориф, дастовардҳои солҳои охир дар шаҳри Кӯлоб суханронӣ кард. Хусусан, омӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинг Хуршед Қурбоновро барои ишғоли ҷойи якум дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи номинатсияи «Хондан ва азёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» муборакбодӣ намуда, барояшон сарфарозӣ, хушбахтӣ ва муваффақияти боз ҳам баландро таманно намуданд.

Суҳбати вакилон миёни ҳозирин вобаста ба мушкилоти ҷойдоштаи маҳал табодули афкор сурат гирифт.

 

Related Articles

Leave a Comment