Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ НАҚШИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ ДАР САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР

НАҚШИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ ДАР САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР

by admin
533 views

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми 26-уми декабри соли 2019 ва суханронӣ дар вохӯрӣ бо зиёиёну донишмандон, эҷодкорону ихтироъкорон супоришҳои худро пайваста барои баланд бардоштани сифати таълим аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дастурҳо медиҳанд, ки стандартҳои давлатии омӯзишӣ аз нав таҳия карда шаванд.

Дар партави ин гуфтаҳо, қайд мекунем, ки фанни «физика» ҳамчун илми табиатшиносӣ ва техникӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии техникии инсоният мавқеи аввалиндараҷа дорад. Ҳар як фард новобаста аз ихтисос ва соҳаи фаъолияташ барои фаҳмидану фаҳмондани ҳодисаҳои табиат шавқу рағбат дорад, махсусан, дар шароити имрӯза, ки дар ҷамъият ақидаҳои гуногун, равияҳои гуногуни илмӣ амал мекунанд. Ҳар яке аз ин равияҳо мехоҳанд, ки бо тарзи фаҳмиши худ ҳодисаҳои табиатро шарҳу эзоҳ диҳанд, ҳол он ки дар бораи қонунҳо ва қонуниятҳои табиат, тағйиротҳои физикавию кимиёвию биологии атмосфера, Замин, Офтоб ва дигарҳо маълумотҳои кофӣ надоранд. Ба фикри мо, шарҳи ҳодисаҳо дар табиат ва воқеаҳо дар ҷамъиятро фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, аз ҷумла, физика дурусттар шарҳ медиҳад ва дар рушди саноат ва пешрафти илмӣ — техникии ҷамъият нақши муҳимро мебозад.

Физика худ илми таҷрибавӣ аст. Таҷриба бошад, омиле ҳаст, ки дилхоҳ назария ё фарзияро тасдиқ ё инкор мекунад. Бояд иқрор шуд, ки чӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, чӣ дар донишкадаю донишгоҳҳои техникӣ — технологӣ солҳои охир ба фанни физика таваҷҷуҳи кам дода мешавад, ҳол он ки фанни физика асоси ҳама гуна илмҳои техникӣ, технологӣ, муҳандисӣ, агротехнологӣ, электротехникӣ, электроника, нанотехнология, робототехника, техникаи компютерӣ ва лазерӣ ва дигарҳоро ташкил медиҳад. Агар мутахассисони зикршуда, фанни физикаро ба таври мукаммал меомӯхтанд, онҳо оид ба тағйиротҳои ҳодисаҳои табиат (Замин, Офтоб, хок, атмосфера, ҷисмҳои сахт, моеъҳо ва газҳо) пурра сарфаҳм мерафтанд, он гоҳ оид ба масолеҳҳои бинокорӣ, маводҳои техникӣ ва технологияҳои саноатикунонӣ бо назардошти хосиятҳои физикиву химиявии онҳо маълумотҳои зиёдтарро соҳиб мешуданд.

Бинобар ин, ба фикри мо, дар партави суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён, махсусан, дар шароити муосир ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, аз ҷумла, фанҳои физика ва математика, химия ва биология зиёдтар аҳамият додан лозим меояд, чунки мақсаду мароми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтани давлати пуриқтидори саноатӣ ва дорои истиқлолияти энергетикӣ мебошад ва яке аз нишонаҳои он сохтмони иншооти аср-НОБ Роғун мебошад. Ба кор даромадани он боиси дар мамлакат сохта шудани корхонаҳои хурду калони саноатӣ, фабрикаву заводҳои нав мегардад ва вобаста ба ин проблемаҳои нав ба нави техникӣ ва технологӣ дар назди олимону мутахассисони соҳавӣ вогузор мегарданд. Монанди:

А) сохтани трансформаторҳои миниатюрӣ ва самаранок;

Б) ҷустуҷӯи ноқилҳои нави барқгузарон бо сарфи ками энергия ва ҳатто бесарфи энергия;

В) сохтани релеҳои мухталифи муосир дар асоси микросхемаҳои интегралӣ ё асбобҳои нимноқилӣ;

Г) сохтани ростгардонҳои нимноқилӣ, табдилдиҳандаҳо, пурқувваткунандаҳо ва дигарҳо.

Аз ин ҷо худ ба худ маълум мешаванд, ки вақти он расидааст, ки рӯ ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ орем ва ба он диққати ҷиддӣ диҳем. Сатҳи баланди тараққиёти истеҳсолот аз тайёр намудани мутахассисони ҷавони бо донишҳои муосири тахассусӣ мусаллаҳ вобаста аст. Мутахассисони ҷавон (муҳандис, технолог, агроном) бояд аз донишкадаю донишгоҳҳо бо маълумотҳои илмӣ — техникӣ ва асосҳои иҷтимоии истеҳсолот бароянд, ки натиҷаи он боиси пешравии истеҳсолот ва дар умумияти том пешравии ҷамъият мегардад.

Маълум аст, ки мутахассисони оянда дар мактабҳои олӣ ташаккул меёбанд ва проблемаи дар назди мутахассисон, олимон, муҳандисон, технологҳо, агрономҳо гузошташуда ва дар ҳалли ин проблемаҳо то чи андоза муносибат мекунанд, вобаста аст. Ҳамзамон, хатмкунандаи мактаби олӣ дар оянда аз асосҳои техника ва технологияи нав бохабар бошад, Ин гуна донишҳои муҳими илмиро барои муҳандисон, технологҳо бештар фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ медиҳанд. Вобаста ба ин, таваҷҷуҳи мутасаддиёнро ба он ҷалб менамоем, ки аз сабаби кам будани вақти ҷудошуда барои омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ имконият намешавад, ки мутахассисони соҳавии дараҷаи баланд тайёр карда шаванд.    Бинобар ин, муҳим аст, қайд намоем, ки омӯзиши фанҳои физика ва химияро аз синфҳои 5-6 сар кардан лозим аст, чунки аксари саволу ҷавоби кӯдакон оид ба ҳодисаҳои табиат аз ҳамин синну сол сар мешавад. Пешрафти илму техникаи муосир ва ҷалби наврасону ҷавононро ба омӯхтани техникаи компютерӣ ва мобилӣ, техникаи худпарвоз, технология ва асбобсозӣ ва дигарҳо ба назар гирифта, дар синфҳои болоӣ элементҳои электроника, микроэлектроника, роботехника, техникаи компютерӣ ва мобилӣ, оптикаи нахӣ, нанотехнология, физика ва химияи нимноқилҳо ва дигарҳоро дохил намудан лозим аст.   

Ҳалли проблемаҳои синтези кристаллҳои нимноқилӣ ба инқилоб дар радиотехника сабаб шуд, яъне прогресси илмӣ-техникӣ аз асбобҳои электровакуумии азимҷусса ба асбобҳои нимноқилии миниатюрӣ, боварибахш ва сифатноку самаранок, бенуқсон ва муҳлатҳои тӯлонӣ коркунанда гузашт.

Ҳамин тариқ, таклиф менамоем, дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ чӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва чӣ дар мактабҳои олии касбӣ вақти зиёдтар ҷудо карда шавад, стандарти минимуми давлатӣ дар соҳаи маориф аз нав таҳия карда шаванд, то ки насли оянда донишҳои мукаммали назариявӣ ва амалиро сазовор шаванд, ба ҳисоб гирифта, нақша ва барномаҳои таълимии ин фанҳоро чи дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва чи дар мактабҳои олии касбӣ куллан тағйир додан лозим аст, чунки ҳамзамон ба рафти саноатикунонӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ мутахассисон низ тайёр шаванд, то ки дар оянда онҳо ин иншоотҳоро идора карда тавонанд, дар мувозинат ба гуфтаҳои боло тадқиқотҳо дар соҳаи ҷустуҷӯи ноқилҳо, диэлектрикҳо ва нимноқилҳои нави ҷараёнгузарони каммасраф, ё бе талафоти энергия дар шароити Тоҷикистон пурзӯр карда шаванд. Мутахассисон, муҳандисон оиди сохтани трансформаторҳо, пурқувваткунандаҳо, табдилдиҳандаҳои нанотехнологӣ ва самаранокии онҳо андеша намоянд.

Саттор Ғаффоров,

номзади илмҳои физика ва математика,

дотсенти кафедраи физика, методикаи

таълими он ва назарияи функсияҳо

Related Articles

Leave a Comment