Home ХАБАР КОНФЕРЕНСИЯИ ПУРШУКӮҲИ ИЛМӢ — НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 75-СОЛАГИИ ДОНИШГОҲ

КОНФЕРЕНСИЯИ ПУРШУКӮҲИ ИЛМӢ — НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 75-СОЛАГИИ ДОНИШГОҲ

by admin
148 views

Таърихи 26-уми ноябр дар толори фарҳангии донишгоҳ Конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати олимону профессорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доир шуд.

Конференсияи мазкур зери унвони «Масъалаҳои мубрами илму маориф дар шароити ҷаҳонишавӣ» ба 75-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шуда буд.

Бинобар сабаби пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 (коронавирус) конференсия ба сурати фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид.

Дар конференсия донишмандону пажӯҳишгарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва хоҳишмандон иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо конференсияро кушода, оид ба саҳми донишгоҳ дар рушду инкишофи илму маориф суханронӣ намуданд. Ректор аз ҷумла қайд намуданд, ки имрӯзҳо ҳама мардумони некандеши кишварамон дар зери таъсири рӯйдоди муҳимми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон — азнав интихоб шудани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври шоиста пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо як рӯҳияи баланди созандагӣ, баҳри ба даст овардани комёбиҳои нав ба нав ҷидду талош доранд. Раёсати донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар партави ҷашни 75-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда заминаи моддӣ-техникии муассисаро мустаҳкам намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим кӯшиш намояд ва соҳаҳои хоҷагидории кишварро бо мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат таъмин намояд.

Аз рӯйи барнома маърӯзаҳои илмии донишмандони донишгоҳ Абдуллоев М. Х., зери унвони «Аз таърихи мухтасари таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ва Ҷумъахон Алимӣ дар мавзӯи «Аз таърихи донишгоҳҳои ҷаҳон» баромад карданд. Ба тариқи фосилавӣ аз шаҳри Душанбе, директори маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дотсент Сайдаҳмадзода Дилором дар мавзӯи «Нақши Аосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф», аз шаҳри Бохтар Собиров Ҷӯрабой, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав, аз шаҳри Кӯлоб Шоев Алмосшоҳ Наботович муовини ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти шаҳри Кӯлоб оид ба робитаҳои хориҷӣ баромад карданд.

Дар кори конференсия 288 нафар олимону пажӯҳишгарон аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Дар бахши дуюми конференсия ҳозирин ба бахшҳои соҳавӣ тақсим шуда, мавзӯъҳои таҳқиқнамудаашонро ба муҳокимаи иштирокдорон матраҳ карданд.

Related Articles

Leave a Comment