Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЯКЕ АЗ МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ТАЙЁР НАМУДАНИ ОМӮЗГОРОН ВА РУШДИ ФАРҲАНГУ АДАБИ КИШВАР

ЯКЕ АЗ МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ТАЙЁР НАМУДАНИ ОМӮЗГОРОН ВА РУШДИ ФАРҲАНГУ АДАБИ КИШВАР

by admin
355 views

15-уми августи соли 2020 аз рӯзи таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 75-сол пур шуд. Аз ин рӯ, хостем бо Мирализода Абдусалом Мустафо, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ суҳбате дошта бошем.

Суҳбат оид ба фаъолияти донишгоҳ дар таърих, имрӯз ва оянда сурат гирифт. Фишурдаи суҳбатро ба хонандагон пешниҳод мекунем.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз таълимгоҳҳои кӯҳансоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Хуб мебуд шумо дар ибтидои суҳбат барои хонандагони рӯзнома чанд сухан аз таърихи таъсисёбии он мегуфтед. 

Кӯлоб яке аз шаҳрҳои қадимаи мардуми тоҷик ба шумор меравад. Дуруст аст, ки асрҳои пешин дар ин шаҳр мактабу мадрасаҳо фаъолият доштанд, аммо на ҳар кас метавонист дар мадрасаҳо таҳсил кунад. Аз тарафи дигар, сифати таълими мадарасаҳо мисли дигар мадориси қаламрави Бухорои шариф ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Аз ин рӯ, қисми зиёди аҳолӣ, ки хоҳиши соҳибтаҳсилот шуданро доштанд, наметавонистанд ормонҳои хешро амалӣ гардонанд. Аксари онҳое, ки солиёни зиёд ба илмомӯзӣ машғул мешуданду барномаи мадорисро аз худ менамуданд, ба ҷуз масоили фиқҳи ислом илми дигареро аз бар намекарданд. Барои оммаи васеи мардуми шаҳр танҳо баъди ташкил шудани Ҳукумати Шуравӣ шароити таҳсил ва соҳибкасб шудан фароҳам омад.

2-юми июни соли 1940 бо Қарори Шӯрои Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таҳти рақами 124 «Дар бораи дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таъсис додани Донишгоҳи давлатии муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб» ба табъ расид. Ҷойи афсӯс аст, ки ин қарор амалӣ нашуд. Оғози Ҷанги Дуюми Ҷаҳон барои кушодани донишгоҳ халал расонд. Ҷанг натанҳо ба сари мардуми он қисмати мамлакати паҳновари Шӯравӣ, ки ба майдони ҷанг табдил ёфта буданд, мушкилӣ ба бор овард, балки дар ҷумҳуриҳое, ки аз майдони ҷанг хеле дур буданд, вазъиятро ногувор сохта буд. Баъди пешравиҳо дар хатти фронт дигарбора масъалаи мазкур мавриди омӯзиш қарор гирифта 15-уми августи соли 1945 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунӣ дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб» имзо шуд, ки ба бунёди донишкада асос гузошт.

Ҳамин тавр, аз соли хониши 1945-1946 Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб ба қабули донишҷӯён шурӯъ намуд. Бояд ёдовар шуд, ки дар соли аввали таъсисёбӣ дар донишкада ҳамагӣ се факултет: таъриху филология, табиатшиносию ҷуғрофия, математика ва физика фаъолият дошт. Яъне донишҷӯён баъди хатми донишкада дар мактабҳои миёна аз рӯи ҳамин ихтисосҳо дарс мегуфтанд. Раҳмон Каримов директори донишкада таъин шуд. Таъсиси донишкада, ки ҳамагӣ се факултет дошт, наметавонист талаботи мактабҳои минтақаи Кӯлобро бо омӯзгорони соҳибтаҳсилот таъмин намояд. Заруратро ба назар гирифта 7-уми августи соли 1953 Вазорати маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ қарор «Дар бораи барҳам додани Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб ва дар заминаи он ташкил намудани Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ дар соли хониши 1953-1954» қарор қабул намуд.

Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб аз 24-уми июли соли 1992 бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва аз 24-уми апрели соли 2009 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ шуд.

Донишгоҳ дар тайёр намудани кадрҳои илмии соҳаи маориф барои ҳамаи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст. Замони Шуравӣ дастпарварони донишгоҳи мо, шаҳрвандони тамоми минтақаи ҷумҳурӣ ва берун аз он бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба ноҳияҳои Файзободу Сангвор, Нурободу Рашт ва Тоҷикободу Лахш, Москва (ҳоло н. Ҳамадонӣ) ва Айнӣ, ки дар мактабҳо муаллим намерасид, рафта солҳои зиёд ифои вазифа менамуданд. Дар баробари ин, аз он ноҳияҳо ҷавонони зиёд барои таҳсил ба донишгоҳи мо меомаданд. Аксари он шогирдон имрӯз ҳам бо донишгоҳ робита доранд.

Донишгоҳ дар давоми солҳои фаъолияташ рисолати худро ба хубӣ анҷом дода тавонист ва анқариб 30 ҳазор мутахассисони соҳибтаҳсилотро тарбия кард. Шогирдон пас аз хатми донишгоҳ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кор карда, барои рушду нумӯи кишвар саҳми сазовор гузоштаанд. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои хубтар ба роҳ мондани таълим ва тарбияи мутахассисони варзида шароити хуб муҳайё гардид.

Имӯз аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф, хусусан, ба донишгоҳи шумо чӣ ғамхориву дастгирӣ карда меравад? 

-Панҷ сол қабл бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» аз 2-юми сентябри соли 2014, таҳти рақами 565 ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 1-уми сентябри соли 2015 дар саҳни донишгоҳ бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои мубораки худ ба ин боргоҳи илму маърифат бинои зебои маъмурию таълимии муассисаро ба ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ туҳфа намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро дар мамлакат соҳаи калидӣ меҳисобад ва барои рушди соҳа чораву тадбирҳои саривақтӣ меандешад. Ҳамин аст, ки сол то сол шароити кор хуб мегардад ва сатҳи зиндагии устодони донишгоҳ низ боло меравад.

Бо таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маорифи кишвар сол аз сол рушди бесобиқа касб намуда, ҷиҳати рушди илмҳои техникӣ ва заминаи назариявии соҳаи истеҳсолоти ватанӣ тадбирҳои муҳим роҳандозӣ мешаванд. Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маориф 18-уми марти соли 2020 таъкид намуданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад… Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавононро, тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем»

Яъне, барои амалӣ гардидани ин ниятҳои хайр рушди соҳаи маориф зарур аст ва Пешвои муаззами миллат хушбахтона ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад.

Кадом дастпарварони донишгоҳ дар гузашта ва имрӯз обрӯ ва эътибори донишгоҳро баланд бардоштанд?

-Дар рушду нумӯи донишгоҳ шахсиятҳои таърихӣ, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ, олимону донишмандони маъруф, ҳунармандону адибон ва журналистони варзида саҳми бориз гузошта, симои ҳақиқии донишгоҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дар беҳтарин шакл муаррифӣ намудаанд. Дар ин росто, метавон исми академик С.К.Каримов, узви вобастаи АИ ҶТ Маъруф Раҷабӣ, докторони илм, профессорон А.Раҳимов, И.Арабов, Каримҷон Қодиров, Қ.Б. Қодиров, Рустам Назаров, Муҳаммад Абдураҳмон, Р.Акбаров, Абдулло Ҳабибулло, Ҷумъа Шарифов, А.Паҳлавонов, Р. Саидов, И. Икромов, С. Сабзаев, Т. Шукуров, М.Х.Абдуллоев, А. Нозимов, Махфират Хидирзода, Н.Н. Солеҳов, Р. Салимов, Н. Назаров, А.Қурбонов, А.Кӯчаров, А. Ҳалимов, Г.Ҳоҷиматова, шоирону нависандагони машҳури кишвар Ашӯр Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Муҳаммад Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Саид Раҳмон, Сафар Амирхон, Карим Давлат, Хосият Вализода, ҳунарманди мардумӣ Одина Ҳошим, ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Бобоҷон Азизов, Адолат Комилова, Ҷумъахон Сафаров ва Одилҷон Умурзоқов, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ — хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат Нусратулло Абдулҳақов, Султон Мирзошоев, Лақай Қармишев, Исмоил Қурбонов, генералҳо Абдураҳмон Азимов, Саймумин Ятимов, Нуралӣ Назаров, Давлат Бобоев, Шариф Салимов, Аҳтамшоҳ Саидшарифов, хизматчиёни давлатӣ Қиматгул Рустамова, Саид Салимов, Исроил Маҳмудов, Ҳабибулло Раҳимов, Латофат Насриддинова, Султон Валиев, ҳамзамон, олимону омӯзгорони соҳибтаҷриба ва кордоне чун профессорон М.О. Ибодов, С.С. Мирзоев, И. Ғуломов, Ҷумъахон Алимӣ, А. Ҳалимов А., М. Иззатова, дотсентон Д.Расулов, К. Иззатуллоев, Ғ.Мирзоев, Н. Расулов, М. Набиев, А.Алиев, С.Абдулвоҳидов, Г.Иброҳимов, Д.Сайдалиев, Қ.Сангов, Э. Пирназаров, Ш.З. Худойдодова, Н.Ашӯрова, З.Холиқова, Ф.Гулмадов, М. Абдураҳмонова, Саъдӣ Маҳдиев, К. Маҷидова, Н. Давлатова, С. Раҳимова, Ф. Файзуллоева, З. Самариддинова, Д. Исоева ва амсоли инҳоро, ки умри хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас дар ин боргоҳи илму маърифат намуданд, зикр кард.

Ҳоло дар донишгоҳ чанд факултет фаъолият мекунад ва аз рӯи чанд ихтисос мутахассис тайёр мекунед?

-Ҳоло донишгоҳ дорои 10 факултет: физика ва математика, химия — биология ва география, омӯзгорӣ ва фарҳанг, таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, филологияи тоҷик ва журналистика, филологияи хориҷӣ, филологияи рус, молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифоӣ ҳарбӣ буда, дар ду баст таълим ва тадрис сурат мегирад.

Таҳсили донишҷӯён дар зинаи бакалавр аз рӯи 55 ихтисос, шакли таҳсили фосилавию ғоибона аз рӯи 19 ихтисос, зинаи таҳсилоти магистратура аз рӯи 24 ихтисос ва зинаи докторантураи PhD аз рӯи 20 ихтисос дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар 10 факултети донишгоҳ донишҷӯён тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, ки теъдоди онҳо 417 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 261 нафар духтарон ва 156 нафар писарон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошанд.  

Агар пӯшида набошад, мегуфтед, ки дар донишгоҳи шумо чанд нафар устодон соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ ҳастанд? Ва айни ҳол теъдоди донишҷӯён чӣ миқдор аст?

-Феълан дар 32 кафедраи донишгоҳ (28 кафедраи тахассусӣ ва 4 кафедраи умумидонишгоҳӣ), 559 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, 26 нафар докторони илму профессорон, 94 нафар номзадҳои илм ва дотсентон барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ҷалб гардидаанд, ки аз ин миқдор 503 нафар омӯзгорони доимӣ ва 56 омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ мебошанд.

Шумораи донишҷӯёни донишгоҳ дар соли таҳсили 2020-2021 11576 нафар, аз ҷумла дар таълими рӯзона 7484 ва дар таълими ғоибона 1547 ва таълими фосилавӣ 2545 нафарро ташкил медиҳад.

Дар замони Шуравӣ ҳатто мактабҳои миёнаи умумӣ дорои лабораторияҳо буданд. Лабораторияҳои мактабӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ҳар сол таъмин мешуданд. Хонандагон ҳангоми омӯзиши фанҳои дақиқ дар он ҷо таҷрибаҳо мегузарониданд. Оё лабораторияҳои имрӯзаи донишгоҳ ба талабот ҷавобгӯ ҳаст?

-Ҷиҳати таъмини марказҳо бо ашёи зарурии илми муосир — лавозимоти лабороторӣ, техникаи компютерӣ, китобҳои таълимии зарурӣ тайи чанд соли охир дар донишгоҳ тадбирҳои муассир андешида истодаем.

Донишгоҳ барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани дарсҳои озмоишӣ аз фанни химия таҷҳизотҳои техникӣ, асбобҳо ва маводи кимиёвии зарурӣ дастраси кафедраи химия гардонид.

Дарсҳои лабораторӣ аз фанни химия дар озмоишгоҳҳо тибқи талаботи имрӯзаи таълим ба роҳ монда шудааст, ки шавқу завқи донишҷӯёнро нисбат ба донишомӯзӣ зиёд мегардонад.

Бояд қайд кард, ки дар озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии кафедраи химия донишҷӯён корҳои курсӣ, рисолаи хатм ва магистрӣ иҷро мекунанд.

Дар кафедраи биология бошад, озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ «Биотехнология» кушода шуд, ки зиёда аз 1 миллион сомонӣ таҷҳизот барои муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳ аз ҳисоби лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» харидорӣ гардид.

Чуноне маълум аст, як давраи муайян мардум бо сабабҳои маълуму номаълум аз китобхонӣ дур монданд. Хушбахтона, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат дубора диққати мардум ба ин самт ҷалб карда шуд ва солҳои охир сафи китобхонҳо хеле афзудааст. Дар Донишгоҳи шумо  завқи донишҷӯён ба китобхонӣ то чӣ андоза аст?

-Қобили зикр аст, ки баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани миллати фарҳангдӯсту соҳибтамаддуни тоҷик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи китоб ва ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Имрӯз маърифати китобхонӣ ҳамчун анъанаи неки ниёкон дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат ривоҷу равнақи тоза касб кардааст ва дар ин самт корҳои намоён анҷом пазируфтааст.

Ин масъала имрӯз дар ҷомеа набояд нафареро бетараф гузорад, зеро дар тӯли асрҳо ниёкони мо ба китоб шавқу рағбат доштанд ва онро муқаддас медонистанд. Бесабаб набуд, ки дар гаҳвора болои сари кӯдак китоб мегузоштанд ва бовар доштанд, ки китоб тифлро ҳимоя мекунад.

Дар донишгоҳи мо бо мақсади ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ чорабиниҳои зиёд баргузор мегардад. Устодони донишгоҳ новобаста ба ихтисоси хеш барои бедор кардани шавқи китобхонии шогирдон дар чорабиниҳо ширкат меварзанд. Ташкил намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» хеле саривақтӣ буд. Дар донишгоҳ ин чорабинӣ хуб роҳандозӣ мешавад.

Донишгоҳ барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 оид ба тарғибу ташвиқ ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ба китобхонаҳо, мутолиаи китоб ва баланд бардоштани маърифатнокии онҳо чораҳои лозимаро роҳандозӣ намуда, дар таъмини татбиқи афзалиятҳои асосии сиёсати имрӯзаи Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон талош дорад.

Вобаста ба ин, бо мақсади тарғибу ташвиқи китобхонӣ, ташаккули тафаккури илмӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ дарёфти беҳтарин китобхон, беҳтарин адиб миёни донишҷӯён ва омӯзгорон низомномаи донишгоҳии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳия гардида, тибқи фармоиши ректори донишгоҳ моҳи апрели соли равон дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ аз рӯи панҷ номинатсия баргузор гардид.

Дар маҷмӯъ, 41 нафар довталабон аз рӯи панҷ номинатсия иштирок намуда, 12 нафар беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ пешниҳод гардиданд.

Дар даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки санаи 03.10.2020 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргузор гардид, 2 омӯзгор ва 3 донишҷӯи донишгоҳ ғолиби озмун гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат ёфтанд: Шарипов Шамсиддин — саромӯзгори кафедраи математика ва методикаи таълими он — ҷойи 2-юм аз рӯи наминатсияи «Адабиёти классикӣ»; Қурбонов Хуршед — аспиранти кафедраи менеҷмент-ҷойи 1-ум аз рӯи наминатсияи «Адабиёти ҷаҳон»; Саидзода Тахмина — донишҷӯи курси якуми факултети филологияи хориҷӣ-ҷойи 2-юм аз рӯи наминатсияи «Адабиёти классикӣ»; Ҳабибуллозода Сайёҳат -донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи хориҷӣ-ҷойи 2-юм аз рӯи наминатсияи «Адабиёти ҷаҳон»; Қодирова Марҳабо -донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи рус-ҷойи 3-юм аз рӯи наминатсияи «Адабиёти ҷаҳон».

Дар бораи мушкилоти имрӯзаи донишгоҳ чанд сухан мегуфтед.

-Инсон дар ҳар куҷое, ки кор накунад, бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавад ва барои рафъи онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз мушкилиҳо тарсидан ҳунар нест, вазифаи роҳбар ин аст, ки роҳҳои бартараф намудани мушкилотро пайдо намояд. Албатта, ҳамаашро якбора аз байн бурда намешавад. Чунон ки дар боло қайд кардам, Пешвои муаззами миллат дар ҳама ҷода моро дастгирӣ менамояд. Бовар дорам, ки бо дастгирии бевоситаи ӯ, Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, раисони вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб метавонем, дар тарбияи мутахассисони варзидаи кишвар саҳми сазовор гузорем.

 Оид ба фаъолияти парки технологии донишгоҳ каме маълумот медодед.

-Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади татбиқ намудани корҳои илмӣ-инноватсионӣ, барои ба даст овардани натиҷаҳои самарабахши илмии донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин ташкил намудани коргоҳҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, харидории таҷҳизот, коркарди маҳсулот, ба роҳ мондани фаъолияти инноватсионӣ, тиҷораткунонии дастовардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва амсоли онҳо сол то сол ба Парки технологӣ диққати махсус медиҳад.

Дар соли таҳсили 2020-2021 дар Парки технологӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, рассомӣ, кафшергарӣ, коркарди чубу метал, истироҳатгоҳи истеҳсолӣ-таҷрибавии «Истиқлол», қитъаи таълимӣ-таҷрибавии назди факултаи химия, биология ва география ва маркази табъу нашр фаъолият менамоянд.

 Дар соли ҷорӣ дар гармхона 16-намуди гулҳои мавсими парвариш ёфта зиёда аз 20-ҳазори онҳо дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализода ва 50 ҳазори онҳо дар назди бинои маъмурӣ шинонида шуданд.

Бо дастгирии бевоситаи раёсати донишгоҳ коргоҳи табъу нашр дар назди Парки технологӣ фаъол шуд, ки минбаъд омӯзгорону кормандон метавонанд китобҳои дарсӣ, дастури таълимӣ, васоити таълимӣ-методӣ ва амсоли онҳоро дар ин коргоҳ нашр намоянд.

Таманниёти шуморо фаҳмидан мехоҳем.

— Дар хатми суҳбат мехоҳам ҳайати бисёрҳазорнафараи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо ҷашни 75-солагии ин даргоҳи муқаддас табрик намуда, барояшон дар зиндагӣ ва кори таълиму тарбия тавфиқу комёбӣ орзумандем.

Инчунин, ҳоло мо дар арафаи Соли нави мелодӣ қарор дорем, ки ин ҷашнро ҳам табрик мегӯям ва умедворам, ки соли 2021 барои мо соли пурбарор хоҳад шуд.

Мусоҳиб:

Ҷаҳонгир РУСТАМШО,

сармуҳаррири рӯзномаи

«Анвори дониш»

Related Articles

Leave a Comment