Home АНДЕША ОМӮЗГОР — ШАХСИ МУВАФФАҚ

ОМӮЗГОР — ШАХСИ МУВАФФАҚ

by admin
625 views

Агар дар ҷаҳон набват омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

                                            Ҷомӣ

Бешак, касби омӯзгорӣ дар баробари пурифтихору шарафманд будан, аз ҷумлаи мушкилтарину мураккабтарин ва сермасъултарин касбҳои олам мебошад. Муаллим шахсест, ки дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон ва кулли ҷомеа саҳми арзандаву бориз гузошта, бунёдкорию созандагӣ, пешрафту тараққиёти тамоми соҳаву самтҳои ҳаёти ҷомеа дар ҳама давру замонҳо ба донишу малакаву маҳорати педагогӣ ва сайъу кӯшиши рӯзмарраи вай вобастагии ногусастанӣ дошт, дорад ва хоҳад дошт. Кишоварзу коргар, муҳандису ихтироъкор, табибу ҳабиб, олиму адиб, шоҳу вазир, хулоса, ҳамагӣ нафарони ба ҷомеа нафъ меовардагӣ, парвардаи оғӯши биҳиштосоӣ муаллим, баҳрагирифтагони ҷаҳони илму дониш ва маърифати омӯзгоранд.

Мусаллам аст, ки барои ҳар шахси бонангу ор ва соҳибмаърифату рӯшанфикр дар миёни аҳли ҷомеа доштани шаъну шараф, эътибору мақоми хоси худ мебошад. Ва маҳз муаллим аст, ки аз ин ҳама муқаддасоти воло бархурдор аст. Ному кори ин гуна муаллим ба таври ҳамешагӣ вирди номи ҳам шогирдон асту ҳам дигарон.

Бахусус дар замони муосир, ки тарақиёти илму фарҳанг, техникаву технологияҳои навин ба авҷи аъло расидааст, аз инсоният донишу малакаҳои амиқу дақиқ талаб мешавад, мақому манзалати омӯзгор ба маротиб афзудан дорад. Зеро ҳанӯз аз замонҳои қадим ба хубӣ ба исбот расидааст, ки касе дар ҳеҷ коре бе устод, бе таълимгар, бе мураббӣ ба чизе ноил нагаштааст, ба муроди дил нарасидааст. Бе устод кас натавонад аз доираи тафаккуру илму дониш ва малакаи маҳдуди хеш берунтар равад ва олами ҳастиро ба таври ҳаққонӣ ва бояду шояд дарк намояд.

Муаллими ҳақиқӣ, ки дар эъмори шахсияти баркамол ва донишманду соҳибкасб заҳматҳои бепоён мекашад, барои ҳар шогирд махзани бебаҳои фарҳангу маърифату касбу донишомӯзист. Аз ин рӯ, ин устод, ин муаллими ҳақиқӣ ва меҳрубон барои шогирд неъмати бебаҳост ва ӯ чашмаеро мемонад, ки шогирди ташнаи илму ҳунару донишу маърифату маънавиёт аз он ҳарисона нӯш мекунад, нашъа мебардорад, рушд мекунад ва камол меёбад.

Дар навбати худ шогирдони ташнаи илму дониш ва маърифату маданияту касбу ҳунар барои устоди хеш бойигарии беҳамто ва пурқимматтарин мебошанд. Агар саҳми дар пешрафти ҷомеа баргузоштаи насли одамиро дар тӯли ҳаёт, дар рӯйи Замин ба назар гирем, ба таври возеҳу рӯшан дармеёбем, ки дар кулли дастовардҳои инсоният нақши муаллим-устод бараълост, зеро ин ҳама маҳсули тафаккуру меҳнати созандаи маҳз шогирдонест, ки замоневу замонҳое назди муаллим сабақи илму ҳунар бардоштаанд. Ба ин хотир, ба дилпурӣ метавон гуфт, ки бо доштани ин миқдор шогирдони парварда ва саҳмгузор дар пешрафти ҷомеа муаллим бойтарину доротарин шахс аст дар олам.

Муаллим шахсест, ки амсоли боғбони боҳунар мӯъҷизаофар шогирдони амсоли гулҳо зебову зебоиофарро парвариш намоем. Омӯзгор чароғест, ки дар роҳи илму донишу касбу ҳунаромӯзӣ ва ҳосилкунии малакаи зиндагонӣ роҳи инсонҳоро, хоса насли наврасу ҷавонро чун офтоби рахшон бо нурҳои гарму ҳилми қабли хеш ва дониши хеш чун рӯз рӯшану мунаввар менамояд.

Ҳар киро устод набвад

                              кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе

                       беҳтар аз устод нест.

Албатта, устоди аввалини мо, муаллими аввалин ва ғамгусори мо, ки дар таълиму тарбияамон, дар шиносоии аввалинамон бо олами ҳастӣ моро роҳбаладу мӯнис аст, падару модар мебошад. Дигар устод худ зиндагист, ки дар аксар мавридҳо касро омӯзонанда ва бо неку бади олам ошносоз аст. Ва аммо бо вуҷуди ин ҳама бе муаллим, бе устод дар зиндагонӣ ба қуллаҳои баланди донишу ҳунар расидану комёбиҳои арзанда ба даст овардан ғайриимкон мебошад. Муаллим доимо мушкилкушои эҳтиёҷмандиҳои мо дар роҳи илму донишомӯзӣ ва касбу ҳунар ва азхудкунӣ аст.

Шукӯҳу шаҳомат ва бузургии муаллим аст, ки аз қадим ба инҷониб бузургони илму адаби олам, бахусус шарқиён ба бузургиаш арҷ гузоштаву васфашро бо қалами сеҳрноки хеш тараннум намудаанд. Онҳо дар ҳама давру замон дар симои муаллим, дар шахсияти омӯзгор нафари донишманду фозил ва равшанзамиру бедордилро дидаанду мебинанд.

Дониёр АБДУЛЛОЕВ,

муаллими кафедраи мудофиаи

гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ

Related Articles

Leave a Comment