Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОШЕЪРИ РӮЗ ДАРСИ ИНСОФ

ДАРСИ ИНСОФ

by admin
47 views

 

Чанд тақлид зи андешаи аҷдод кунед?

Дӯстон, баҳри Худо фикри нав эҷод кунед.

Дилам афсурда дар ин кунҷи қафас, ҳамнафасон,

Арзи ин мурғи гирифтор ба сайёд кунед.

Хасу хоре, ки ба таъмири қафас даркор аст,

Ҷамъ созеду аз он лонае обод кунед.

Эй бузургон, сабақи ҷавр ба тифлон надиҳед,

Дарси инсоф дар ин мадраса иршод кунед.

Ман зи тафриқи шумо ҳамватанон дилгирам,

Ҳама якранг шаведу дили ман шод кунед.

Рафт бо шӯру фиғон, Фонӣ, аз ин базми нишот,

Сари хокаш ивази фотиҳа фарёд кунед.

Розиқи ФОНӢ

Related Articles

Leave a Comment