Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢВАРЗИШ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ КМО ТОҶИКИСТОН 29 ДЕКАБР ДОИР МЕШАВАД

АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ КМО ТОҶИКИСТОН 29 ДЕКАБР ДОИР МЕШАВАД

by admin
156 views

Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи 19-уми Ассамблеяи генералии Кумитаро 29 декабр дар шаҳри Душанбе даъват кард.  Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия фаъолияти Кумита ва фаъолияти молиявӣ дар соли 2020, инчунин Нақшаи кори Кумита барои соли 2021 ва Оинномаи Кумита дар таҳрири нав баррасӣ ва барои тасдиқ ба Ассамблеяи генералӣ пешниҳод шуд.

Қайд гардид, ки соли 2021 барои Кумита ва федератсияҳои варзишӣ соли мушкил хоҳад буд, зеро ба ғайр аз Бозиҳои олимпии Токио, инчунин 6-ум Бозиҳои соҳилии Осиё дар Санйаи Чин, 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Қонияи Туркия ва 3-юм Бозиҳои наврасони Осиё дар Шантоуи Чин ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио варзишгарони моро зарур аст, ки дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ширкат намоянд.

Аъзои Кумитаи иҷроия санаи ҷаласаи 19-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпиро 29 декабр тасдиқ карданд. Дар асоси рӯзномаи ҷаласа дар Ассамблеяи генералӣ ҳисоботи Кумита дар соли 2020, ҳисоботи комиссияи назорату тафтишот пешниҳод шуда, нақшаи кор ва нақшаи буҷети Кумита барои соли 2021, Оинномаи Кумита дар таҳрири нав, Қоидаҳои зидди допинги Кумита тасдиқ карда хоҳанд шуд. Дар ҷаласа ба 12 нафар иштирокчии Барномаи “Идора намудани ташкилотҳои варзишии намуди олимпӣ”, ки дар мавзӯъҳои варзиш корҳои илмӣ навиштанд, дипломи Кумитаи байналмилалии олимпӣ тақдим гардид.

Манбаъ: http://olympic.tj/

Related Articles

Leave a Comment