Ҷавонон дар ҷаҳони имрӯз ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда ва созанда эътироф шудаанд. Имрӯзҳо мебинем, ки рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар ба ҷавонон вобастагӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ин, ки ҷавонон нерӯи созандаву ворисони ояндаи миллат мебошанд, 23-юми майи соли 1997 бо намояндагони ҷавонони кишвар мулоқот намуда, «Дар бораи беҳтар намудани кор бо ҷавонон» қарор ба имзо расонид. Дар баробари ин 21-уми майи соли 2005 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар изҳор доштанд: «Шумо ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузургро бар дӯш доред».
Асри XXI, ки асри телекомуникатсия мебошад, мо ҷавононро зарур меояд, ки ҳар чи бештару хубтар барои рушду нуму ва ободу зебо намудани ватани азизамон саъю кӯшиш намоем. Чунон ки худ шоҳиди он ҳастем дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 30 ҳазор ҷавонони лаёқатманд аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Воқеан ҳам, пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои авали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самимона дӯст доштани Ватан ва ҳифз намудани манфиатҳои миллии он бояд дар қалби мо ҷавонони боғайрату далер бошад!
Умархон ТУРАХОНОВ,
донишҷӯи соли 3-юми факултети
таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ