Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ МУАЛЛИМ МАҲБУБИ ДИЛҲОСТ

МУАЛЛИМ МАҲБУБИ ДИЛҲОСТ

by admin
569 views

Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расондан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад, зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Вақте шогирди муаллим шахси обрӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад ва аз ӯ розист, ки алфози накӯяш омӯхт.

Устод агар ба роҳи рост ҳидояташ намекард, ҳеҷ гоҳ шарафманду комёб намегашт. Заҳмати беандозаи омӯзгори бузург тавонист роҳбалади шогирди пурзаковат гашта, соҳибмаълумоташ гардонад. Дуруст аст, ки муаллим роҳнамову нишондиҳанда созкору ибратомӯз ва мададрасони фарзанди инсон дар роҳи ростиву росткорӣ ва омӯзишу бурдбориҳост. Муаллим аз ҳар як норасоию носазоиҳо ва беаҳмиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Қуввати худро барои тарбияи фарзанди мардум дареғ намедорад. Мекӯшад, ки бо вуҷуди машақатҳои зиёду бепоён шогирд ба воя расонад ва соҳибмаълумот гардонад.

Хулоса, муаллим касест роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор дӯсти беғаразу ислоҳкори ҳамон норасоию нуқсонҳои инсон. Муаллим пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машҳуртарин бузургони рӯйи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтор, пиндори нек ва рафтори нек омӯхтааст.

Сари таъзим меорам ба номат ман,

Ки аз ту гаштаам шогирди доное.

Муаллим ҳамеша кӯшиш менамояд, ки шогирди хуберо барои ҷомеа ба камол расонад. Барои ин ӯ чӣ қадар нури чашмонашро аз даст медиҳад, мӯйи сарашро сафед мекунад, вале боре ҳам шикоят накарда, ба кори худ содиқ мемонад. Пас, мо шогирдон мебояд ҳамаи заҳматҳои кашидаи устодонро пос дорем ва корҳоеро ба сомон расонем, ки устодон аз мо бифахранд.

Комрони АБДУЛЛО,

донишҷӯи соли 4-уми факултети

химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment