Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ДОНИШГОҲИ МАН-ИФТИХОРИ МАН

ДОНИШГОҲИ МАН-ИФТИХОРИ МАН

by admin
705 views

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб яке аз машҳуртарин мактабҳои олии вилоят ва мамлакат дар давоми ҳафтоду панҷ соли фаъолияти худ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар тарбияи омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши босазо гузоштааст.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллдоҳи Рӯдакӣ падидаи замони Иттиҳоди Шӯравист. Аввалин бор 15-уми августи соли 1945 дар бораи таъсис додани Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунӣ дар заминаи Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ба бунёди Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб асос гузошта шуд. Он рӯзҳо донишкада дар ҳайати 3 факултет ва шӯъбаҳо: таърих ва филология, табиатшиносӣ ва ҷуғрофия, физика ва математика ба кор шӯруъ намуд. Ректори аввалини донишкада Раҳмон Каримов маҳсуб меёфт.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми июли соли 1992 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб номи донишгоҳро гирифт ва 24-уми апрели соли 2009 донишгоҳ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ шуд.

Боиси ифтихор аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми сентиябри соли 2014, тибқи рақами 565 «Дар бораи ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» қарор қабул карда шуд ва ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 1-уми сентябри соли 2015 дар донишгоҳ бо як тантана гузаронида шуд.

Дар воқеъ боиси ифтихор ва саодатмандист ки имрӯз донишгоҳ на ҳамчун маркази асосии тарбияи мутахассисони соҳаи маориф ва риштаҳои дигари хоҷагии халқ маъруф гардид, балки бисёре аз дастпарварони он ҳамчун шахсиятхои намоёни давлату сиёсат, олимону донишмандони маъруф, ҳунармандону адибон ва журналистони варзида симои ҳақиқии донишгоҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дар беҳтарин вазъ муаррифӣ намоянд.

Шарифхон АЗИЗХОҶАЕВ,

донишҷӯи соли 3-юми 

факултаи иқтисод ва идора

Related Articles

Leave a Comment