Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МАҚСАД АЗ ОМӮЗИШИ ФАЛСАФАИ ВАРЗИШ

МАҚСАД АЗ ОМӮЗИШИ ФАЛСАФАИ ВАРЗИШ

by admin
296 views

Ҳазрати Муҳаммад (с) таваҷҷуҳ ба тарбияи ҷисмонӣ оварда амар менамояд, ки: «Мардум, фарзандҳоятонро тирандозӣ, шиноварӣ ва аспсавориро биомӯзонед.» Пайдошавии назарияи илмӣ ва педагогии тарбияи ҷисмонӣ дар асарҳои файласуфону донишмандони қадим низ ба назар мерасанд. Онҳо тарбияи ҷисмониро ҳамчун қисми асосии тарбияи умумӣ ва таълимӣ ҳисоб менамуданд. Масалан, Афлотун яке аз намояндагони ашрофзодагони Афина, файласуфи идеалист, эҷодгари назарияи инкишофи гармоникии сифатҳои ҷисмонию рӯҳии инсон мебошад.

Ӯ бештар тарафдори системаи тарбияи спартанӣ буда, баъзан дар ин доира таълимоти маънавиро низ тарафдорӣ менамуд. Афлотун пешниҳод намудааст, ки тарбияи ҷисмонию маънавӣ ҳамон вақт натиҷаи назаррас медиҳад, ки ҷавонон тарзи ҳаёти қаноатпешагиро дастгирӣ намуда, қоидаҳои характери гигиенидоштаро ҳатман риоя намоянд. Намояндаи дигари фалсафа Арасту низ нисбат ба тарбияи ҷисму рӯҳ ақидаҳои ҷолиби диққате пешниҳод менамояд. Ба ақидаи ӯ ҷисм ва рӯҳи инсон ба ҳамдигар сахт алоқамандӣ доранд. Се шакли рӯҳро (табиӣ-иродаи матин, хирадмандӣ) ба се раванди тарбия: тарбияи ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ мутобиқ менамоянд. Ба ақидаи ӯ тарбияи ҷисмонӣ тарбияи маънавиро пеш мегузарад.

Арасту назар ба Афлотун системаи тарбияи спартаниро барои машқҳои ҷиддию мушкил зери танқид карор додааст. Ӯ муқобили он буд, ки ба таҳсилоти гимнастикӣ ҷараёни атлетикӣ зам намоянд. Ҳамин тавр, файласуфи дигар Демокрит низ менависад, ки машқи бадан барои ба камол расидани инсон назар ба инкишофи табиӣ афзалияти зиёде дорад. Суқрот ҳам нишон медиҳад, ки саломатии хуб аз бисёр фалокатҳо одамро эмин медорад.

Гиппократ табиби Юнони Қадим оид ба иҷрои машқҳои ҷисмонӣ чунин ақида дорад, ки машқҳои ҷисмонӣ бештар барои пешгирӣ намудан ва муолиҷа кардани бемориҳои гуногун муфид мебошанд. Ба ҳамин минвол, бештари файласуфону табибон масъалаҳои умдатарини тарбияи ҷисму рӯҳро мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба фоидаю зарар, вақту замони варзиш ақидаҳои мухталиф пешниҳод намудаанд. Аз мутафаккирони тоҷику форс Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи фалсафаи тиббу варзиш нақши хеле барҷастае доранд.

Воқеан, мақоми Закариёи Розӣ ва Абӯалӣ ибни Сино дар фароҳам овардану пурра намудани ҳолати илмӣ фалсафаю тиб хеле назаррас мебошанд. Розӣ дар қатори илмҳои замонаш чун ҳакими донишманд ба масъалаҳои машқваризию риёзат намудан низ рӯ овардааст. Чунон ки қайд менамояд: «Марди оқил бояд нуқсони чизҳои дӯстдоштаашро бояд дар тибби ҷисмонӣ, ки он тибби машҳур аст, бубинад».

Ӯ тарзу роҳҳои ба камоли фазилат расидани инсониро нишон дода, қайд мекунад, ки таълиму тарбияи насл вазифаи аввалиндараҷаи одамизод мебошад.

Парвин САИДОВ,

саромӯзгори кафедраи тарбияи

ҷисмонӣ ва методикаи таълим

Related Articles

Leave a Comment