Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ПЕШВОИ НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

ПЕШВОИ НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

by admin
277 views

Дар ҳар як давру замон, махсусан дар давраҳои ҳассос шахсе пайдо мешавад, ки бо хизматҳои шоистааш дар ҷаҳон маҳбубу машҳур мегардад. Чунин шахсият дар сарнавишти давлатдории тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун вориси ҳакиқии Сомониён ба миён омаду миллати тоҷикро сарҷамъу ватанро аз нестшавӣ раҳоӣ бахшид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи матин, фазлу дониш, масъулияти баланди ватандӯстию миллатдӯстӣ ва аз маҳорати беҳамто миллатро тавонист, дар як мудати кӯтоҳтарин аз вартави ҷанги шаҳрвандӣ наҷот диҳад. Ӯ ҷони худро дар кафи даст гирифта, мулк обод сохт.

Мардум ба ӯ бовар карданд, дар атрофаш ҷамъ омаданд ва дар гирди як дастархон муттаҳид гаштанд. Аз ҳама муҳимаш халқи бедавлатро соҳибдавлат кард.

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Мо ҷавононро мебояд, ки зери сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Пешвои азизи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, доимо талош дошта бошем, ки ин ватани аҷдодиамон ободу зебо гардида, зиндагии мардум беҳтару хубтар гардад.

Комрон ГУЛМАДОВ,

донишҷӯи соли 3-юми

факултети физика ва математика

Related Articles

Leave a Comment