Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ НАШЪАМАНДӢ ВА ОҚИБАТҲОИ НОХУШИ ОН

НАШЪАМАНДӢ ВА ОҚИБАТҲОИ НОХУШИ ОН

by admin
2638 views

Воқеан ҳам ҷавонон нерӯи созандаву пешбарандаи давлату миллат буда, барои таъмини амният, пос доштани фарҳангу тамадуни мардуми тоҷик саҳми муносиби худро мегузоранд.

Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади худ қайд менамоянд: «Имрӯз қишри ҷавонони мамлакат ҳамчун сипари боеътимоди Ватан дар ҳифзи арзишҳои миллӣ шинохта мешаванд».

Нашъамандӣ кирдори ношоями инсонӣ буда, инсонро аз ақл берун карда, ӯро ба ҳайвон мубадал мегардонад ва оҳиста — оҳиста ӯро аз байн мебарад.

Нашъа ба гуруҳи моддаҳои наркотикӣ мансуб аст ва чанд намуди моддаҳои наркотикӣ ба монанди героин, морфин, кодеин, какаин, марихуана, амфетамин, экстаз ва ғайра мавҷуд аст.

Моддаҳои наркотикӣ ба рӯҳияи одам, хусусан ҷавонон таъсири бади психологӣ расонда, одамро аз ҳаёт маҳрум месозад. Олимони соҳаи тиб исбот карданд, ки ба таркиби наркотикҳо моддаҳое дохил мешаванд, ки онҳо ба системаи асаб таъсири манфӣ расонда, вазъу кайфияти одамро дигаргун месозад.

СПИД — ин аломати ғайриаслии норасоии имунитети инсонӣ мебошад. Ин касалии хатарноку марговар дар солҳои 80-уми қарни ХХ ба вуҷуд омадааст. Мувофиқи тадқиқоти олимон ҳарсол аз ин касалӣ қариб 2,5 миллион нафар одамони рӯи дунё ба ҳалокат мерасанд.

Аз ин лиҳоз, падару модарони арҷуманд бояд рисолати муқаддаси худ тарбияи поктинативу зебопарастӣ, башардӯстию инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд.

Илҳоми САЙМУРТАЗО,

донишҷӯи соли 5-уми факултети

химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment