Модарам ман эҳтиромат мекунам,
Саҷдагоҳамро ба номат мекунам.
Ҷони ман як пораи ҷони ту аст,
Зи-н рӯ ҷонамро фидоят мекунам.
Модар, ту беҳтарин шахсе ҳастӣ. Вақте ки номашро ба забон меорам, пеши назарам фариштае намудор мешавад, ки ӯ бо зиндагӣ ҷангидаасту акнун мисли дарахти пурсамар боли сари мо фарзандон қарор дорад, то аз таҷрибаи рӯзгори худ фарзандонро дарси ибрат омӯзонад ва аз муҳаббати худ шодобашон гардонад.
Модар, эй офаридаи аҳли башар, эй пайвандгари наслҳо, эй меҳрубонтарини меҳрубонҳо ва эй азизтарин офарандаи Худованд! Бо ин ҳама қудрату тавоноӣ оташи меҳрат тавонист, ки тифлатро аз тамоми сардиҳо нигоҳ дорӣ, дили тавони ту муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастаро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва нерӯи зиндагӣ ато мекунад. Ту чароғи ҳар як хонадонӣ, ай дармони дили дармандон.
Миҷгонаи Лутфулло,
донишҷӯи соли 2-юми факултети
филологияи тоҷик ва журналистика