Home ХАБАР ТАҶЛИЛ АЗ ҶАШНИ МЕҲРГОН

ТАҶЛИЛ АЗ ҶАШНИ МЕҲРГОН

by admin
137 views

Рӯзи 16-уми октябр дар шаҳри Кӯлоб бо як шукӯҳи хосса ҷашни хуҷастаи миллиамон Меҳргонро ҷашн гирифтанд. Чун анъана дар кӯчабоғи ба номи Сафар Амиршоев киштварзони Кӯлоб маҳсулоти гирдовардаи худро ба намоиш гузоштанд, ки фаровонии ҳосили имсолаи кишоварзонро нишон медод.

Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳақиқат хони Меҳргониро мемонд, ки аз зироатҳои гандум, ҷав, нахуд, наск, лубиё, мош, ҷуворимака ҳафт табақӣ ва меваҳои ангур, анҷир, себ, нок, анор, биҳӣ, хурмо ҳафт табақӣ рӯи мизҳо гузошта шуда буданд. Чунин намоишро деҳқонони хоҷагиҳои ҷамоатҳои деҳот бо як ҳунари баланд рӯи дастархонҳои идона чида буданд. Ҷавонон дар ҳавои мусиқии дилангез рақсу хушнудӣ карданд. Сарварони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳозиронро бо фарорасии ҷашни Меҳргон табрик намуданд.

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон ҳамоиши илмӣ — амалӣ доир гардид. Ҳамоишро ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом кушода, дар бораи моҳияти таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни аз гузаштагон ба мерос монда суханронӣ кард.

Профессор Мирализода Абдусалом суханронии худро бо иқтибос аз нутқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуданд ва гиромидошти ҷашнҳои миллиро барои ҳар як тоҷик ҳатмӣ донистанд. Дар мавриди пешинаи таърихии ҷашни Меҳргон ва нақши он дар бозшинохти ҳувияти миллии тоҷикон, профессори фахрии донишгоҳ, ховаршинос Зафар Мирзоён, маърӯзаи илмӣ намуд.

Related Articles

Leave a Comment