Хатари терроризм ва гуруҳҳои ифротӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаби илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо ва харобаҳои он аз самти илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтааст. Ин омили номатлуб ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, баҳри бартараф намудан бо дарёфти роҳу усулҳои имконпазир, мубориза алаҳи терроризм ва ифродгароӣ пайдо намоем.
Терроризм метавонад тавассути омилҳои номатлубаш ба сиёсати ҳар кишвар алоқаманд гардида, мавқеи худро дар кишвар муайян менамояд. Бинобар ин дар ҷаҳон тамоми марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуб равонаанд. Экстремизми сиёсӣ тавассути зӯроварӣ барои воқеъ гардонидани ҳадафҳои сиёсии кишвар истифода мешавад, ки он бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун мушкили иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар рӯи олам ҳодисаҳои муҳими умумибашариро оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ чунин қувваҳо ҳамаҷониба ба роҳ монда шудааст.
Терроризм яке аз шаклҳои мураккаби экстремизм ба ҳисоб рафта, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ва ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Яке аз олимони давраи қадим Ксефонон терроризмро ба маънои даҳшат овардан, тарсонидани одамон, мубориза бар зидди рақибони хеш медонистааст. Экстермизм аз калимаи фаронсавӣ гирифта шуда маънояш ифродгароӣ, тундравӣ фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштанро дорад.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдории амалҳои якравӣ ва тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми фаъолияти инсоният, дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ таъсири манфӣ расонад. Хусусан ин падидаи номатлуб ба кишварҳои исломӣ ва ё аксари он кишварҳое, ки аксари аҳолияшонро мусулмонҳо ташкил медиҳанд, таҳкиму густариш меёбад. Ба ақидаи онҳо сабаби асосии ин таҳким дар сиёсати чунин кишварҳо дар он мебошад, ки ислом метавонад ҳамчун як сохтори мукаммали динӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоиро ба уҳда гирад ва ё идора намояд.
Ба ақидаи диншиносон ва сиёсатшиносон дар замонҳои нав ва навтарин нисбат ба замонҳои қадим қувваи терроризм ва экстремизм босуръат рушд кардааст. Қаблан террорҳоро ҳамчун ҳимояи манфиятҳо ва озодиҳои шахс дар сиёсат медонистаанд. Баъдан дар зери мафҳуми террор амалҳои манфӣ дониста мешуд ва ҳамчун ҷиноят бар зидди давлат ва ҳукумат муаррифӣ карда шуд. Яъне, дар аввали асри 18 ва аввали асри 19 террорҳоро ҳамчун маънои манфӣ эътироф мекарданд. Амалиёти терроризми байналхалқӣ тақрибан 510 амалиёти терроризми ҷиноятиро ташкил меёбад. Аз соли 1976 то соли 1996 ба ҳисоби миёна аз 320 то 660 амалиётҳои террористии байналхалқӣ рух додааст. Шумораи қурбониёни террористӣ рӯз аз рӯз меафзоянд. Махсусан, дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Покистон,, Афғонистон, Яман ва ҳатто дар кишварҳои Аврупо, Фаронса, Белгия, Украина мушоҳида карда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, нисбат ба ҳодисаҳои манфиовари башарият бетарафӣ зоҳир накардааст. Бояд гуфт, ки алайҳи падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ аз 100 созмонҳои хурду бузурги зиддитеррористӣ амал мекунад. Аз қабили Созмони Амнияту ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки пеши роҳи ин террористонро гирифта натавонистанд. Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳар як фарди ватандӯсту миллатдӯсту адолатпарвар, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд аз таълимоти гурӯҳҳои ифротӣ, ки омили ҳифзи ислом муаррифӣ кардаанд, худдорӣ намоянд, зеро дар ин шароити кунунӣ ҷони худро аз даст медиҳанд ва сабаби аз байн бурдани ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Ҷавононро мебояд барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишварамон талош варзанд.
Саломати ДАВЛАТАЛӢ,
ассистенти кафедраи забонҳои ДТМИК