Home АНДЕША ТАРБИЯ-КОРИ ДАСТАҶАМЪӢ

ТАРБИЯ-КОРИ ДАСТАҶАМЪӢ

by admin
283 views

Наврасон ва ҷавононро аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардан вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорон ва умуман аҳли ҷомеа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Хусусиятҳои психологии шахс дар зери таъсири таҷрибаи иҷтимоии одам, шароити ҳаёт ва фаъолият, таълим ва тарбияи ӯ шакл мегиранд. Тарбия ҳамчун ҷараёни таъсиррасонии бошуурона ва мақсадноки насли калонсол ба насли хурдсол ва ҷавон нақши махсус мебозад. Мақсади тарбия аз он иборат аст, ки дар шахс сифатҳои муайяни ба талаботи ҷамъият мувофиқ буда ташаккул дода шавад.

Вазифаи асосии тарбияи имрӯза — ин дар насли наврас ва ҷавон парвариш додани эътиқод ва ҳиссиёти мустаҳками инсондустӣ (гуманистӣ), демократӣ ва рафтори ахлоқии ба онҳо асосёфта мебошад.

Ба тарбияи фарзанд се омили асосӣ таъсир мерасонад: оила, муассисаи таълимӣ ва муҳит, аммо омили асосӣ ва аввалиндараҷа ин оила мебошад. Нақши муассисаи таълимӣ (донишгоҳ) дар тарбияи фарзанд ин дувумдараҷа мебошад. Саволе ба миён меояд. Чаро? Чунон ки шоири бузург навиштааст:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Бояд ёдовар шавам, ки аввалин меъмор ва аввалин устоди ҳар яки мо модар аст. Ҳар як падару модар орзу дорад, ки фарзанди хешро чун шахси сазовори ҷомеа тарбия намояд. Тавре дар урфият мегӯянд: фарзанди хуб боғи падар, фарзанди бад доғӣ падар.

Абӯалӣ ибни Сино дар китоби хеш «Тадбири манзил» қайд мекунад, ки агар модар бемор бошад, шире, ки ӯ ба тифл медиҳад, сабаби беморию носолимии вай мегардад, падар бадрафтор бошад, рафтори ӯ ба одобу аҳлоқи фарзанд таъсир мебахшад.

Бузургони гузаштаи халқи тоҷик ба тарбияи фарзанд таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамуданд. Оид ба тарбияи ахлоқии фарзанд, одаму одамгарӣ ба мо мероси пурқиммат боқӣ гузоштаанд. «Ахлоқӣ Ҷалолӣ», «Ахлоқи Носирӣ», «Қобуснома», «Гулистон», «Бӯстон» нишонаҳои он ганҷҳои бебаҳо мебошанд. Дар даврони ҳукумати Шӯравӣ низ олимони русу тоҷик ба тарбияи оилавӣ аҳамияти калон зоҳир мекарданд. Асарҳои педагогии А.С. Макаренко, В.А. Сухомлинский, М. Лутфуллоев, С. Қодиров гувоҳи он мебошанд.

Аз ин хотир, яке аз вазифаи муҳими муассисаи таълимӣ баланд бардоштани маданияти педагогии волидон мебошад. Муассисаи таълимӣ ин муассисаи асосии давлатӣ мебошад, ки вазифаи таълиму тарбияи насли наврасро ба ӯҳда дорад.

Маҳз муассисаи таълимӣ қодир аст, ки бо тарзи ба роҳ мондани педагогикаи ҳамкорӣ байни устоду донишҷӯ, донишҷӯю донишҷӯ, аҳли муассисаи таълимию ҷомеа тарбияи маънавию рафтори шоистаро сайқал диҳад. Иҷрои ин вазифаи муҳиму шарафманд ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки муассисаи таълимӣ ва оила дар ин ҷода алоқаи мустаҳкам ва ҳамкории доими дошта бошанд. Вобастагии тарбияи оилавӣ ва ҷамъиятӣ имкон медиҳад, ки дар тарбияи ҷавонон натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда шавад. Маълум гашта истодааст, ки сатҳи дониши тарбиявии волидон чандон баланд нест. Бештари падару модарон аз донишҳои педагогикаи халқӣ ва педагогикаю психологияи муосир маълумот надоранд. Дар роҳи баланд бардоштани донишу таҷрибаи тарбиявии волидон муассисаи таълимӣ, ҳайати омӯзгорон бояд вазифаи асосиро иҷро намоянд, зеро тарбия кори дастҷамъӣ мебошад. Муассисаи таълимӣ бо воситаи мустаҳкам намудани робита бо волидон, ҷалб намудани онҳо ба маҷлисҳо бояд донишҳои педагогии онҳоро васеъ намояд. Фаҳмондан лозим аст, ки муҳимтарин омили тарбия дар оила — муҳаббати модар ва панду ҳикмати падар мебошад. Муносибати волидон бо устодон ва фарзандон бояд дар асоси одобу ахлоқи ҳамида ва меъёрҳои талаботи тарбия ба роҳ монда шавад. Ҳар як шогирд дар баробари бад хондану беинтизом буданаш, дар худ хислатҳои хуб ҳам дорад.

Абдулфаёз ОДИНАЕВ,

саромӯзгори кафедраи илмҳои компютерӣ

Related Articles

Leave a Comment