Home АНДЕША ТАНЗИМИ РАСМУ ОИНҲО

ТАНЗИМИ РАСМУ ОИНҲО

by admin
2512 views

Бо ташаббуси Пешвои миллат ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 қабул гардид. Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешавад: анъана, маросим, ҷашн.

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда,ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимои зарурат ва танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбад ва таи солҳои охир аз ҳад зиёд ҳарчи сермасраф гардидани баргузории ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардуми бори гарон бар сари мардуми Тоҷикистон овард. Қабули чунин як қонун саҳми худро ҷиҳати ба ҳам овардани миллат ва канорагирӣ аз хурофотпарастиву зиёдаравиҳо нақши басо созгор гузошта, истиқболи самимӣ доштан аз он нигоҳи нек ба сӯи фардои дурах­шон аст. Бо сухани зерини Пешвои миллат ба ин ҳама гуфтаҳо метавон хулоса кард, ки фармудаанд: “Мо ва­зифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо назардошти имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем”.

Дилафрӯз КОДИРОВА,

номзади илмҳои педагогӣ,

мудири кафедраи физика, МТ ва ТМ

Related Articles

Leave a Comment