Home АНДЕША ЗАН – НЕРУБАХШИ РӮҲУ ҶОН

ЗАН – НЕРУБАХШИ РӮҲУ ҶОН

by admin
169 views

 

Имрӯз дар асри баҳамоии тамаддунҳо, ҳазорсолаи эҳёи фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишварҳои олам, асри пешрафти технологияи иттилоотӣ ва муборизаи абарқудратҳо барои ноил гардидан ба сиёсати геополитикиашон дар пешорӯи дигар мушкилот ва мушкилоти глобалӣ ба мисли тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, норасоии ғизо, гуруснагӣ, хушксолӣ ва дигар ҳодисаҳои табиӣ оҷизӣ мекашанд.

Дар баробари ин, ҳама мушкилоти рӯизаминӣ дар пешорӯи инсонҳо истодааст. Барои бартараф кардани ин мушкилот ҳам мардон ва ҳам занон якҷоя мубориза мебаранд.

Дар шароити имрӯза ҳуқуқи зану мард дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон тибқи қонунҳои амалкунанда баробар аст.

Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор меравад. Роҳнамои ин сиёсат дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар ҳамеша дар таҳти назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва идома ёфта истодааст.

Барҳақ занон нерӯи созанда ва фаъоли ҷомеаи навини Тоҷикистон ба шумор мераванд. Онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву иқтисодӣ, сиёсиву мадании кишвар кору фаъолият доранд. Имрӯз зан дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳайси вазифаҳои мухталиф ҳамчун бунёдкор ва созанда фаъолият мекунад.

Дар ситоиши Зан-Модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Он суханҳоро касоне васф кардаанд, ки худ зодаи ин олиҳаи замин ҳастанд. Васфу ситоиши зан ҳанӯз дар давраҳои қадим дар осори безаволи олимону шоирон ва дигар мутафаккирони Шарқу Ғарб тасвири худро ёфтаанд ва он то ба ҳол идома дорад.

Бешак, хизматҳои Пешвои миллат дар роҳи расидан ба қадру қимат ва эҳтироми зан-модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ, бузургтарин ва муқаддастарин инсон, нахустустоди башарият бағоят бузург аст. Ин маъниҳо дар ҷаҳду талошҳои пайвастаи Сарвари давлат, даъвату муроҷиат, дастуру супоришҳо, паёмҳои табрикотӣ ба муносибати Рӯзи Модар, суханрониҳояшон аз минбарҳои ватанию хориҷӣ, ҷамъомаду вохӯриҳо бо занону табақаҳои мухталифи ҷомеа равшан ифода ёфтаанд.

«Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад. Дар қалби бузурги модар ҷаҳон ҷой мегирад»,- таъкид менамояд Пешвои миллат.

Умуман, пешрафт ва рушду нумӯи зиндагӣ, ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ метавон гуфт, ки аз ҳастии зан-модар сарчашма мегирад. Зеро зан-модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади пешрафт ва солим нигоҳдории насли миллат ва таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон маҷмӯи тадбирҳои имконпазирро андешида амалӣ мегардонанд. Зеро насли оянда ва солим ба камол расонидани фарзандони ватандӯст, худогоҳу худшинос, соҳибмаърифату донишманд ба рисолати бузург ва хизматҳои зан-модар сахт пайвастагӣ дорад. Дар ин бора Сарвари давлат занонро «нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд» мешуморад. Ва таъкид менамояд, ки «… зан — модар миллат, ворисони он ва ҳомии Ватанро тарбия менамояд. Аз ин рӯ, бояд занон соҳибмаърифат ва тибқи таомули шарқӣ хушодобу хушрафтор, хушгуфтору хушкирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон, ба ҳаёти мустақилона ҳаматарафа омода кардани онҳо, пеш аз ҳама, худашон дорои донишу малакаи кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ бошанд… Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ бошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад».

Аз ин рӯ, имрӯз занонро мебояд аз омӯзиши донишҳои дунявӣ аз ҳамқадам будан бо ҷомеаи умумибашарӣ худро дар канор нагирифта, суннатҳои миллиро ба кунҷи фаромӯшӣ набаранд. Онҳо дар тарзи либоспӯшӣ рӯ ба бегонапарастӣ наоварда, балки тарғибгари суннатҳои миллии хеш бошанд ва дар тарбияи фарзандон таъсири мусбати худро гузоранд.

Таърихи башарият собитгари бузургии занону модарони соҳибмаърифат аст. Албатта, боиси ифтихори ҳар яки мост, ки модарони миллати тоҷик имрӯз дар вазифаҳои роҳбарӣ баробари мардон кору фаъолият карда истодаанд. Мавқеи зан дар ҷомеаи имрӯзаи мо низ ба дараҷаи хуб қарор дорад, зеро саҳми занон дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат хеле бузург аст.

Муҳаббат ҚУВВАТОВА,

саромӯзгори кафедраи забони

тоҷикӣ бо методикаи таълим

Related Articles

Leave a Comment