Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ БА ҶОЙИ МАКТАБ БА ДИСКОКЛУБ?

БА ҶОЙИ МАКТАБ БА ДИСКОКЛУБ?

by admin
388 views

 

Шукр бар чунин давлати тинҷу осоишта мекунем. Аҳсан бар ин сарвари ғамхор, ки баҳри осудагии халқу миллаташ ҷонисор аст. Ҳамасола дар кишварамон майдонҳо ва толорҳои гуногуни варзишӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, вале камбахтона, насли ҷавон аз ин маконҳои мардонагӣ саркашӣ намуда, маконҳои сабти овозии реп, толорҳои саққобозӣ, қуморхонаҳо ва ба дигар маконҳои дилхушӣ мераванд, ки ҳам ба насли оянда ва тарбияи худ хеле зарари ҷиддӣ мерасонад.

Аз ҳама марҳилаи таконбахши инсон даврони ҷавонӣ аст. Дар ин марҳилаи ҳаёт инсон соҳиб касб, соҳибэҳтиром ва намуна барои насли оянда мегардад. Аксари ҷавонон ба мамлакатҳои аврупоӣ аз сару либос сар карда, то ба фарҳанги онҳо низ тақлид менамояд. Яке аз санъати мардуми Африқо машҳур бо номи «хип-хоп» ё ба истилоҳи дигар «реп», ки дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон паҳн гардидааст, ҷавонони мо низ ин санъатро пешаи худ намуданд. Ин сабаб гардидааст, ки ҷавонон ба дарсу макотиби олӣ, маконҳои илму адаб, китобу китобхонаҳо кам таваҷҷуҳ менамоянд.

Хулоса, мебояд гуфт, ки ҷавонони зиёӣ ангуштшумор гаштаанд ва ин ҳолат сабаби рушду тараққӣ накардани давлату миллат мегардад.

Исмоил ЗАРИФЗОДА,

донишҷўи соли 4-уми факултети

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment