Home ХАБАР 7 НАФАР ­­ҒОЛИБ ДАРДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

7 НАФАР ­­ҒОЛИБ ДАРДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

by admin
239 views

Аввали моҳи август дар шаҳри Кӯлоб даври дуюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Қобили қайд аст, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар асоси низомнома ҷиҳати таъмини иҷрои мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.2020, №16/10-83 бо дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён, магистрантон, докторантони PhD ва омӯзгорони донишгоҳ, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, магистрантон, докторантони PhD ва омӯзгорони донишгоҳ, тарғибу ташвиқи китобдориву китобхонӣ, дарёфти ғолибон ҷиҳати пешниҳод ба даврҳои минбаъда баргузор карда мешавад.

Аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар озмуни мазкурро 12 нафар иштирок кард, ки аз ин шумора 7 нафар сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

  1. Талбакова Баноза, донишҷӯи бахши аввали факултети филологияи рус, дар номинатсияи «Адабиёти классикӣ» бо гирифтани 96 хол сазовори ҷойи аввал;
  2. Ҳасанова Ганҷина, донишҷӯи бахши сеюми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, дар номинатсияи «Адабиёти бачагона» бо гирифтани 92,1 хол сазовори ҷойи аввал;
  3. Қодирова Марҳабо, донишҷӯи бахши чоруми факултети филологияи рус дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» бо гирифтани 92 хол сазовори ҷойи аввал;
  4. Саидзода Тахмина, донишҷӯи курси аввали факултети филологияи хориҷӣ дар номинатсияи «Адабиёти классикӣ» бо гирифтани 93,9 хол сазовори ҷойи дуюм;
  5. Ҳабибуллозода Сайёҳат, донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи хориҷӣ дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» бо гирифтани 93,9 хол сазовори ҷойи дуюм;
  6. Муҳтарамаи Зиёвуддин, донишҷӯи курси аввали факултети филологияи хориҷӣ дар номинатсияи «Адабиёти классикӣ» бо гирифтани 88,2 хол сазовори ҷойи сеюм;
  7. Шарифов Шамсиддин, омӯзгори факултети физика ва математика дар номинатсияи «Адабиёти классикӣ» бо гирифтани 92 хол дар байни калонсолон сазовори ҷойи аввал.

 

Related Articles

Leave a Comment