Home Без рубрики ФИТНАҲО АЗ ПУШТИ ПАРДАИ ДИНДОРӢ

ФИТНАҲО АЗ ПУШТИ ПАРДАИ ДИНДОРӢ

by admin
141 views

 

ё намунае чанд аз хиёнати ходимони масҷидҳо ба давлатдории тоҷикон

Шеваи душман дар ҳама давру замон андешарабоӣ ва дар зери парчами дин бо шиори некӯкорӣ ва ё озодсозии халқҳо бандаи худ сохтани халқҳо буд ва ин шева имрӯз низ василаи пурзӯри ҷаҳонхорон аст. Шеваи ифротгарони исломӣ рабудани хотираи торихӣ ва ҳуввияти миллии пайравони дин мебошад. Дар ин бора гуфтаи донишманди доно, доктор С. Ятимов, генерал – лейтенант, раиси кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, дар мақолааш зери унвони “Оиди назарияи эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ” омӯзанда мебошад: “Яке аз муҳимтарин хосияти майнаи инсон хотира мебошад. Маҳз он имкон медиҳад, ки таҷрибаи таърихӣ ҳифз, эҳё, таҳлил, баррасӣ, арзёбӣ ва сабақҳои ҳаётӣ аз он гирифта шаванд. Оғози ҳифз кардан аз эҳсос сарчашма мегирад.”

Бо як нигоҳи оддӣ аз ҳамин масофаҳои дур ба кишварҳои арабӣ ва нигаре ба гузаштаҳои торихии мардумони забону фарҳанги хеш бохта, метавон дарёфт, ки раванди бегонасозии қавмҳои бофарҳанг аз сарзамини худашон, аз нахустин рӯзҳое ки аз Мадина ба мамлакатҳои бомаданияти ҳамсоя ҳуҷум оварданд, оғоз ёфт. Бад – ин сурат ки баъд аз вуруди арабҳо Миср оҳиста – оҳиста тамаддуни бошукӯҳи доштаашро фаромуш кард. Сурия ва Лубнону Ироқ аз тамаддунҳои қадими худ, яъне фарҳанги финикиву бобулӣ тиҳӣ гаштанд ва дигар ҳеҷ нишонае аз суннатҳову одоб ва русуму забон ва фарҳангу хатту маданияти собиқ боқӣ намонд. Яъне зарфи фарҳанги миллӣ дар он кишварҳо холӣ шуд. Имрӯз танҳо чизе, ки байни ин кишварҳо бо пешинаҳои тамоман фарқкунанда муштарак ҳаст, ду чиз аст: забони арабӣ ва дини ислом. Испаниҳо ва дар маҷмуъ сокинони Аврупо ин динро ба он сабаб, ки мехостанд ба зарби шамшер ва бо баҳои ғуломӣ ба арабҳо дар гарданашон бор кунанд, напазируфтанд ва бар сарзамини худ соҳиб шуданд. Аз он сӯ ҳиндуҳо низ аксари ин қавмро аз сарзамини худ берун ронданд ва акнун ҳиндуҳо соҳиби сарзамин ва ҳувияти миллии хешанд.

Таҷовузгарони араб бо таваҷҷуҳ ба рӯҳияи ғолиб ва бо сафарбар кардани ҷосусҳо дар манзилҳои хонаводаҳои асили тоҷикиву иронӣ ва истихдоми донишмандони хоине чун Эмом Муҳаммад Ғаззолӣ ва сохтани масҷидҳо дар ҳар кӯю барзан, ба манзури назорати мардум ва шарик шудан дар зиндагии рӯзмараи тоҷикону ирониёни шариф, то ҳудуде ба бегона кардани тоҷикони аз фарҳанги тоҷикиву форсии худ комёб гаштанд, ки донишмандон бо ифтихор асарҳои худро бо арабӣ менавиштанду мехонданд ва ҳангоме ки худро дар ойина менигаристанд, аз тоҷик будни худ шарм мекарданд ва фарҳанги арабро бар фарҳанги тоҷик тарҷеҳ дода ба он ифтихор мекарданд. Ҳамин тавр пас аз гузашти чанд аср кам – кам заминае барои рушди ҳикмати ақлонӣ сусту заъиф шуд ва фарҳанги хурофот, ҷойгузини қудрати тафаккур шуд.

Рӯҳониёни ислом ва раванди рабуданҳои хотираи торихии тоҷикон

Таърих намунаҳои зиёдеро медонад, ки фақеҳони дини ислом маҳз бо дасти рӯҳониёни ислом, аз роҳи рабудани хотираи торихӣ ва худогоҳӣ давлатҳои тоҷиконро дар рӯзгори шукуфоӣ ва сарбаландии мардумаш сарнагун кардаанд.

Тоҷикситезони дар камин нахуфта дар дарозои ҳазорсолаи диноварии миллати мо маҳз бо дасти дастнишондаҳо ва фақеҳони дарсхондаи Бағдод, ки маркази ҷосустайёркунии хилофати араб буд, миёни иронитаборон ихтилофҳо барангехта, бинои давлатдории тоҷиконро борҳо вожгун сохтаанд. Пас аз паямбари ислом, ба вижа пас аз чирамандии бани Уммия ва сипас бани Аббос нотавонбинии халифаҳои араб ба тоҷикон, умуман ба иронитаборон оғоз ёфт. Аз қатли Абӯ Муслими Хуросонӣ то таҳрики туркони саҳронавард бар зидди хонадони Сомониён ва барафкандани Оли Сомон гувоҳи муборизаи шадиди арабҳо барои аз байн бурдани ҳувияти миллӣ ва забони озодзодагон буд. То ки ин гуфтаҳоро кажандешон бепоя намоён насозанд ва онро бофтаи мо надонанд, рӯ ба навиштаҳои торихдонони овозаманд оварда, аз далелҳову мадракҳои онҳо намунае чанд пеши дидори хонандагони гиромӣ меоварем. Аз ҷумла дар бораи иллати асосии суқути давлати Сомониён, доктор Муҳаммадамини Риёҳӣ навиштааст: «Суқути давлати Сомониро ба иллати нохушнудии хилофати Аббосӣ аз вазъи иҷтимоию фарҳангии қаламрави Сомониён, махсусан пойтахти онҳо Бухоро, бояд донист. Хилофати Бағдод аз як сӯ миёни хонадонҳои ҳокими Сомониён, Оли Бӯя ва Оли Зиёр ихтилоф меандохт ва аз сӯйи дигар, бо дасти фақеҳони дарсхондаи Бағдод ва ғуломону сардорони турки худ ба таҳрики туркони қарахонӣ ва фақеҳони Бухоро бар зидди Сомониён мекӯшид. Саранҷом фақеҳони Бухоро ва ғуломони турк бар зидди амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ шӯриданд ва дар соли 331 (952) сабабгори барканории ӯ шуданд. Дар он воқеъа иддае аз саркардагону дарбориён аз дами теғ гузаштанд, ки аз ҷумлаи онҳо Ҷайҳонии вазир буд, ки муттаҳам ба зандиқа ва илҳод (бединӣ) буд». (Аз мақолаи «Рӯзи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома», ки дар рӯзномаи «Иттилоъот», шумораҳои 24 – 26, моҳи марти соли 1998 ба чоп расида буд.) Дар он мақола ҳамчунон омадааст: «Вақте туркони хатоӣ ба Бухоро ҳамла карданд, фақеҳони Бухоро фатво доданд, ки «чун муҳоҷимон мусалмонон шудаанд бо онҳо набояд ҷангид» ва бад – ин сурат, мӯҷиботи суқути давлати Сомониро фароҳам оварданд». Мо дар навишторҳои пешини худ дар мавриди рӯзгори шикасти давлати Сомониён бо дасти туркони қарохонӣ аз самти шимол ва туркони сабуктегинӣ аз самти ҷануб ва ҷосусиҳои халифаҳои араб барои барошуфтани он туркзодагон бар зидди тоҷикон борҳо ёдовар шуда будем ва дар ин ҷо аз навиштаи торихнигори барҷаста Абӯмансур Абдулмалики Саъолабии Нишопурӣ (961 – 1037) намунаеро меоварем. Ба навиштаи Саъолабӣ, «Абӯмуҳаммад Абдуллоҳи Восиқӣ, аз бозмондагони Восиқ – халифаи Аббосӣ, ки ба назди туркон рафта буд ва дар Буғрохон нуфуз ёфта буд, дар соли 382 (1003) хони туркро ташвиқ ба лашкаркашӣ ба Бухоро кард. Агарчи Буғрохон дар Бухоро бемор шуду баъд аз тарки он ҷо дар миёни роҳ даргузашт, аммо дигар умеде ба бақои хонадони Сомонӣ намонд» (Саъолабӣ, «Ғарар ахбор – Мулук – ул – Фурс», Т. 1365 – 1986, с.429). Дар соли 389 (1008) турки халлухӣ (қарлуқӣ) Арслон Илг ба Бухоро ҳамла кард ва сипоҳи Сомониён ва мардуми шаҳр барои дифоъи пойтахт бархостанд, аммо фақеҳони Бухоро, омӯхтагони мактаби дингустарии Бағдод, ки ба дастурҳои халифаи арабгаро гӯш фаро медоданд, ҳамчун дастовез барои ислом пазируфтани номусалмонони халлухӣ, муқовимат бо душманонро хилофи шаръ эълом карданд. Аммо касе ҳам нагуфт, ки пас ҳуҷуми ин навмусалмонон ба сарзамини мусалмонон чаро хилофи шаръ нест? (Баргирифта аз мақолаи устод Муҳаммадамини Риёҳӣ, дар рӯзномаи «Иттилоъот», шумораҳои 24 – 26 исфанди с. 1376 – 15 – 17 марти с. 1998), унвонии Рӯзи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома».)

Паёмади андешарабоии арабҳо

Муғулҳо, ки миллион мардҳоро қатли ом намуда, миллион занону духтаронро ба бардагӣ бурда, саросари кишварҳои иронитаборонро тороҷу вайрон карданд, нахуст чанде аз сӯфиёнро низ (ба монанди Шайх Фаридаддини Аттор) куштанд. Вале чун муғулон диданд, ки пастии андешаҳои ин мардум то ҷоест, ки Чингизхони аз хуни онҳо ҷӯйҳо дуруст кардаро ҳамчун барангехтаи худо, ё барангехтаи хашми худо ситоиш мекарданд ва бо муғулон кинае намеварзидаанд, даст аз кишвару давлатдорӣ бардошта, саргарми сӯфигарӣ мебошанд, дарёфтанд, ки рафтори ишон бар суди онҳост. (Яъне сӯфиён ба зеҳнҳои тоҷикон пиндореро коштаанд, ки бар пояи он мардумонро барои даст аз ин ҷаҳон шустан, зулму ситам, талаву тороҷ ва кушту куштори муғулонро ғазаби худо бознамоёндан ва зан нагирифтанро ташвиқ мекарданд). Дар ин ҷо бознависии достони торихи ҳамлаи муғулро, ки сӯфиён онро ба кушта шудани пири тариқати худ Маҷдуддини Ироқӣ вобаста донистаанд зарур медонем: «Чун Султон Муҳаммад Хоразмшоҳ чанд сол пеш аз достони муғул Шайх Маҷдуддини Бағдодии номиро, ки аз бузургони суфия мебуда, ба гуноҳи он ки бо модари ӯ Турконхотун даромехта буд, дар Хоразм ба об андохт. Замоне, ки достони дилгудози муғул рух дод, суфиён унвон ба даст оварда чунин гуфтанд: «Худо Чингизхонро барои гирифтани хуни Шайх Маҷдуддин фиристод. Чун Маҷдуддин кушта шуд дарёи хашми худо ба ҷӯш омад ва муғулонро ба хостани кинаи ӯ фиристод». Ва Аҳмади Касравӣ дар мавриди иллати асосии чирамандии муғул бар мардуми Вароруд, ин гуфтаҳои Истахриро иқтибос меоварад: «Ман дар Мовароуннаҳр ба хонаи ҳар деҳгоне, ки рафтам, асберо дар истабл баста, шамшереро аз девор овехта дидам, аммо чӣ шуд ки 30 ҳазор лашкари муғул бо сардории Яма ва Сутай, аз ин сари кишвар даромада аз он сар куштаву тороҷ карда ва касе муқовимат накарда???»

Мутаасифона имрӯз низ ҳарзаофаринони бешуморе пайдо шудаанд, ки ҳама гуфтаҳои шоирони аз дасти мутаассибони динӣ дарду ранҷу таҳқир дидаро, пиндорҳои ирфониву хирадгароӣ бозгӯ карда, аз ин нодонии худ, адабиётшиносии тоҷикро ба вартаи торикиву раҳгумӣ ҳидоят менамоянд. Гузашта аз ин чуноне дида мешавад, донишҳои худошиносиро бо илмҳои даҳрӣ даромехта, зеҳну ҳуши ҷавононро аз эъҷозу ибъод ба канор мебаранд. Ҳаким Умари Хайём чунин пиндорҳои омиёнаи худбузургбинони диниро шунида, (дар ишора ба достони казоии устувории замин рӯи шохи гов ва ларзидани замин бар асари думҷунбонии наҳанге, ки гов рӯи он воистодааст), дар қаҳр лабханду писханд задааст:

Говест дар осмону номаш Парвин,

Гови дигаре нуҳуфта дар зери Замин.

Чашми хирадат кушой, чун аҳли яқин,

Зеру забар ду гов, мушти хар бин.

Яъне дар осмон як гову дар зери замин гови дигар, ки ҷамъ ду говро ташкил медиҳанд, вале дар миёни онҳо як мушт, ё шумори зиёди одамони харсират ҷой доранд, ки ба ин бофтори аблаҳона боварӣ доранд.

Зафар МИРЗОЁН,

ховаршинос, котиби

матбуотии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ

 

Related Articles

Leave a Comment