Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

by admin
379 views

Нерӯи барқ асоси инкишофи иқтисодиёт, пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва ҷорӣ намудани прогреси техникӣ дар истеҳсолот мебошад. Мавқеи географии Тоҷикистон ба он овардааст, ки дар он бузургтарин захираҳои обӣ-энергетикии минтақаи Осиёӣ Марказӣ ҷойгир шудааст. Захираҳои потенсиалли гидроенергетикии Тоҷикистон қариб ба 530 млн Квт соат дар як сол баҳо дода мешавад, ки ин 5% захираҳои ҷаҳониро ташкил медиҳанд.

Вале имрӯз дар мамлакат танҳо 3,1% ин захираҳо истифода мешаванду халос. Дар айни замон истеҳсоли солонаи қувваи барқ дар Тоҷикистон ба 14248 млн Квт соат мерасад.

Аз ин ҳисоб ба нерӯгоҳи барқии обӣ 14025 млн квт соат ва ба нерӯҳои барқии олавӣ 222 млн кВт/ соат истеҳсоли қувваи барқ рост меояд. Калонтарин нерӯгоҳхои барқии обӣ — ин Норак (3 млн кВт), Сарбанд (210 ҳаз. кВт), Қайроқум (126 ҳаз. кВт), Бойѓозй (600 ҳаз. кВт), Сангтӯда-1 (670 ҳаз. кВт) ва Нерӯгоҳхои аловии Душанбе (223 ҳаз. кВт), Ёвон (180 ҳаз. кВт) ба ҳисоб мераванд. Нерӯгоҳи барқии обии Норак асоси Комплекси ҳудудию территориявии Тоҷикистони ҷанубӣ (КМТТҶ) мебошад. Дар ин ҷо дар заминаи қувваи арзони барқ соҳаҳои энергияталаби истеҳсолот (истеҳсоли нуриҳои минералӣ, алюминий, металлҳои ранга ва нодир) инкишоф меёбад.

Хусусияти сохтмони нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки онҳо ба тарзи силсила, яъне дар як дарё якчандто нерӯгоҳҳои барқӣ сохта шудаанд. Чунин тарзи ҷойгир намудани нерӯгоҳҳои барқӣ боиси самаранок истифода бурдани қувваи оби дарёҳо мегардад.

Айниддин ҚОСИМОВ,

донишҷӯи соли 4-уми

факултаи иқтисод ва идора

 

Related Articles

Leave a Comment