Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО ПАНД АЗ ДУЗД

ПАНД АЗ ДУЗД

by admin
408 views

Гӯянд Абӯҳомид Муҳаммад Ғазолӣ он чиро фаро мегирифт, дар дафтарҳо менавишт. Замоне бо корвоне дар сафар буд ва навиштаҳоро якҷо баста бо худ бардошт. Дар роҳ гирифтори роҳзанҳо шуд. 

Ғазолӣ рӯ ба онҳо кард ва бо илтимос гуфт:

— Ин бастаро аз ман нагиред, дигар ҳарчи дорам аз они шумо.

Дуздонро тамаъ зиёд шуд ва онро кушоданд ва ҷуз дафтарҳои навишта чизе наёфтанд. Дузде пурсид, ки инҷо чист? Чун Ғазолӣ вайро ба онҳо огаҳ дод, дузди роҳзан гуфт:

— Илмеро, ки дузд бибарад, ба чӣ кор ояд?Ин сухани дузд, дар Ғазолӣ асари амиқ гузошт ва гуфт:

— Панде беҳ аз ин аз касе нашунидаам ва дигар аз пайи он шуд, ки илмро дар дафтари ҷон бингорад.

Related Articles

Leave a Comment