Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО БАСТАНИ РОҲИ ДИГАРОН

БАСТАНИ РОҲИ ДИГАРОН

by admin
323 views

Рӯзе гург дар доманаи кӯҳ мутаваҷҷеҳи ғоре шуд, ки ҳайвоноти зиёде аз он убур мекунанд. Гург бисёр хушҳол шуд ва фикр кард, ки агар дар муқобили ғор камин гирад, метавонад ҳайвоноти мухталифро сайд кунад. Бад-ин тариқ дар муқобили хурӯҷи ғор камин гирифт.

Рӯзи аввал як оҳу омад. Гург ба дунболи оҳу рафт, аммо оҳу бо суръат по ба фирор гузошт ва роҳи гурезе пайдо кард ва аз ғор берун рафт. Гург бисёр асабонӣ шуд ва сурохеро, ки аз он оҳу фирор карда буд, маҳкам намуд. Гург гумон мекард, ки дигар шикаст нахоҳад хӯрд.

Рӯзи дуюм як харгӯш омад. Гург бо тамоми нерӯ аз дунболи харгӯш давид, аммо харгӯш аз сурохи кӯчактаре, ки канори сурохи қаблӣ буд, фирор кард. Гург тамоми сурохиҳоро маҳкам кард ва гуфт: “Дигар ҳайвонот наметавонанд аз чанги ман гурезанд!”

Рӯзи сеюм як каламӯш омад. Гург бисёр талош кард, то каламӯшро сайд кунад, аммо саранҷом каламӯш низ аз сурохе по ба фирор ниҳод. Гург бисёр асабонӣ буд ва кулли сурохиҳои ғорро масдуд кард. Гург аз тадбири худ бисёр розӣ буд, аммо рӯзи чорум як шер омад. Гург, ки бисёр тарсида буд, дарҳол ба сӯи ғор по ба фирор гузошт. Шер гургро таъқиб кард. Гург дар дохили ғор ба ҳар сӯ медавид, аммо роҳе барои фирор пайдо намекард ва саранҷом тӯъмаи шер гашт.

Мантиқ: Бастани роҳи дигарон, қатъи роҳи баргашти худ аст. Ҳар касе одатҳо ва тарзи зиндагии мардумро барҳам бизанад, меваи талхи онро хоҳад чашид!

Related Articles

Leave a Comment