Home ХАБАР ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛ

by admin
192 views

ПАЁМИ

табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ба ифтихори 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Омӯзгорон ва шогирдони гиромӣ!

Истиқлолият беҳтарин неъмати рӯи замин барои ҳар як миллат маҳсуб ёфта, ташаккул ва шукуфоии давлатҳо аз он вобаста аст. Имсол 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро миллати кӯҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик пешвоз гирифта, ин рӯйдоди муборак, яъне тантанаи  адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини худро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.

Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 29 соли истиқлолият ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

Маҳз Истиқлолияти миллӣ нишон дод, ки дурнамои сиёсати миллӣ ба эҳёи давлатдории тоҷикон ба боло гирифтани ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар вобаста аст, ки яке аз падидаҳои неки ин сиёсат ин фалсафаи сулҳоварии гузаштагони мо мебошад.

Таҷрибаи нодири Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи бозгардонидани фирориён ва дар мамлакат фароҳам овардани сулҳу оштӣ чун сиёсати беҳтарини давлатдорӣ аз ҷониби Созмони Милаллӣ Муттаҳид ва бисёр мамлакатҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш ва табодули назар қарор гирифтааст.

Истиқлолияти тоҷикон дорои аҳамияти бузурги таърихист, ки аз баракати он дар кишвари тозаистиқлоли тоҷикон суруду таронаҳои дӯстӣ танинандоз гардид. Ва ҳоло Тоҷикистони тозаистиқлол дар шароити орому мусоид дар раванди нави ҷомеаи демократӣ собитқадамона пеш меравад ва ҳамқадами ҷомеаи пешқадами ҷаҳонӣ мегардад. Масъулияти бузурги мо шаҳрвандон дар рӯзҳои омодагиҳои ҷашнӣ, бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ин арҷгузории падидаи сулҳоварии фалсафаи ниёкон аст, ки аз баракати он мову шумо дар шароити сулҳу осоиш қарор дорем.

Ҳамзамон, дастуру нишондодҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва нигарониҳои сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои ҷашнӣ ба он равона шудааст, ки мо асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро бо ғояҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарварӣ, таъмини амнияти давлату миллат тақвият бахшем.

Боиси сарфарозӣ ва сарбаландӣ ҳаст, ки истиқлолият соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти воқеии давлатро дар пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ инъикос намуда, дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг, иҷтимоиёт ва дигар аркони зиндагии ҷомеа соҳиби қарор будани кишварро нишон медиҳад.

Ҳоло ҳадафҳои муҳимтарин ва стратегии давлати мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Ҳамватанони гиромӣ!

Садорат, устодон, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни фархундаву сарнавиштсоз, тантанаи ягонагию якдилӣ ва шарафмандию соҳибэҳтиромии мардуми шарифи тоҷик муборакбод намуда, баҳри шумо тамоми хушбахтиҳои олам ва  сарбаландю бахту иқболи некро таманно дорем.

Орзу дорем, ки дар кишвари азизамон сулҳу Ваҳдати миллӣ, иттифоқиву ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқлолияти комил доимо ҳукмфармо бошад.

Ҷашни Истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!

Related Articles

Leave a Comment