Home ХАБАР ТАЪСИСИ ОЗМОИШГОҲИ БИОТЕХНОЛОГИЯ БО МАБЛАҒИ 1 000 000 СОМОНӢ

ТАЪСИСИ ОЗМОИШГОҲИ БИОТЕХНОЛОГИЯ БО МАБЛАҒИ 1 000 000 СОМОНӢ

by admin
255 views

Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” “Такмили барномаҳои таълимии ихтисоси биология (биотехнология) вобаста ба талаботи бозори меҳнат” дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонии рушд ба маблағи 1 миллион сомонӣ таҳизоти озмоишгоҳӣ ворид карда шуда, озмоишгоҳи замонавии биотехнология ифтитоҳ ёфт.

Озмоишгоҳро имрӯз ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом ва намоянда аз Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб ба истифода доданд. Профессор Мирализода Абдусалом зимни суханронӣ ба донишҷӯён таъкид кард, ки бояд ҳар яки шумо аз технологияи муосир ба хубӣ истифода бурда, малакаи касбии худро рушду такомул диҳед.

Озмоишгоҳ дорои таҷҳизоти муосири таҳлилу ташхиси маводи ғизоӣ, микроорганизмҳо, таркиби об ва дигар хусусиятҳо буда, дар он донишҷӯёни ихтисоси биотехнологияи факултети химия, биологияи ва география донишҳои назариявии андӯхтаи хешро тавассути гузаронидани таҷрибаҳо дар амал татбиқ менамоянд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур тӯли 1 сол омӯзгорон ва донишҷӯёни самти биология ва биотехнология ба семинару тренинигҳои такмили ихтисос ва истифодаи технологияи нави озмоишгоҳӣ фаро гифта мешаванд.

Ифтитоҳи озмоишгоҳ дар партави амалигардонии “20-солаи рушди илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ” падидаи назаррас ва пурманфиат мебошад.

Related Articles

Leave a Comment