Марди хирадманде ба шогирдонаш чунин насиҳат кард:
— Одамон ба се шакл ҳамдигарро таҳқир мекунанд. Онҳо метавонанд дигаронро аҳмақ гӯянд, ё ғулом ҳисоб намоянд, ё ғайриқобили амал пиндоранд. Агар чунин иттифоқ бо шумо пеш ояд, воқеияти одиеро ба назар гиред:
- Танҳо як одами аҳмақ дигариро аҳмақ ном мебарад, зеро ӯ маънои аҳмақиро хуб дарк мекунад.
- Фақат ғулом дар симои шахси дигар ғуломиро дидан мехоҳад, зеро дар бадбахтиҳояш худро танҳо диданӣ нест.
- Ва танҳо одами аз дасташ коре намеомада беақлии ашхоси ношиносро аз сари нофаҳмӣ сафед карданӣ мешавад…
Мантиқ: Аз ин хотир, аз ҳеҷ кас малол нашавед ва касеро ҳам таҳқир накунед, агар мехоҳед ғуломи аҳмақи нокоромад набошед!