Душмани заиф, ки дар тоат ояд ва дӯстӣ намояд, мақсудаш ҷуз он нест, ки душмани қавӣ гардад ва гуфтаанд бар дӯстии дӯстон эътимод нест, то ба тамаллуқи (чоплусӣ, худомадгӯӣ, лаганбардорӣ) душманон чӣ расад ва ҳар ки душмани кӯчакро ҳақир шуморад, бад-он монад, ки оташи андакро мӯҳмал (бе аҳамият шумурдан) мегузорад!