Ман дар ин қатори талабаҳои хурдсол ҳар шаб баъд аз шом дар рӯи саҳна нишаста, бо овози баланд дарс такрор мекардам. Мо, талабагон, дар шабҳои барф такрори рӯи саҳнаи худро тарк намекардем ва барфи рӯи сангро бо остин, ё барии ҷома рӯфта, ба рӯи санги яхмонанд чорзону ё дузону нишаста такрор кардан мегирифтем. Ин кор ба ман, ки либоси дуруст надоштам, бисёр зӯр буд. Бо вуҷуди ин маро он вақтҳо сармо назад ва ҳатто зуком ҳам нашудам.