Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО ОРЗУ ВА ИНҚИЛОБ

ОРЗУ ВА ИНҚИЛОБ

by admin
186 views

Мегӯянд бар сари гӯри роҳибе дар яке аз қабристонҳои Лондон чунин навишта шудааст: «Кӯдак, ки будам, мехостам дунёро тағйир бидиҳам. Бузургтар шудам, эҳсос кардам, ки дунё хеле бузург аст ва ман бояд Инглистонро тағйир диҳам. Баъдҳо Инглистонро ҳам бузург ёфтам ва тасмим гирифтам, ки шаҳрамро тағйир диҳам. Ба пиронсолӣ, ки расидам, фақат мехостам, ки хонаводаамро ба таври шоиста тағйир диҳам. Ва инак, ки дар остони марг қарор дорам, дарк кардаам, ки агар рӯзи аввал худамро тағйир медодам, шояд метавонистам дунёро ҳам тағйир диҳам».

Related Articles

Leave a Comment