Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО НАСИҲАТИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ

НАСИҲАТИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ

by admin
958 views

Рӯзе Луқмони ҳаким ба писараш гуфт, ки имрӯз ба ту се панд медиҳам, ки комраво мешавӣ. Аввал ин, ки сайъ кун дар зиндагӣ беҳтарин ғизои ҷаҳонро бихӯрӣ. Дувум ин, ки дар беҳтарин бистар ва рахти хоби ҷаҳон бихобӣ. Савум ин, ки дар беҳтарин кохҳо ва хонаҳои ҷаҳон зиндагӣ кунӣ.

Писари Луқмон гуфт:

— Эй падар! Мо як хонаводаи бисёр фақир ҳастем чӣ тавр метавонам ин корҳоро анҷом диҳам?

Луқмон ҷавоб дод:

— Агар каме дертар ва камтар ғизо бихӯрӣ, ҳар ғизое, ки мехӯрӣ таъми беҳтарин ғизои ҷаҳонро медиҳад. Агар бештар кор кунӣ ва каме дертар бихобӣ, дар ҳар ҷо, ки хобидаӣ, эҳсос мекунӣ, ки беҳтарин хобгоҳи ҷаҳон аст. Ва агар бо мардум дӯстӣ кунӣ, дар қалби онҳо ҷой мегирӣ ва он вақт беҳтарин ​​хонаҳои ҷаҳон моли туст!

Related Articles

Leave a Comment