Ман чанд сухане мехостам дар бораи тоҷикон бигӯям. Тоҷикон мардуми хосаанд. Онҳо на ӯзбеканд, на қазоқ, на қирғиз, онҳо тоҷиконанд – қадимтарин мардуми Осиёи Миёна. Тоҷик маънии тоҷдорро дорад, онҳоро эрониён чунин меномиданд ва тоҷикон ба ин ном сазовор гаштаанд.