Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОШЕЪРИ РӮЗ АЗ ТАРС НАТАРСЕД

АЗ ТАРС НАТАРСЕД

by admin
189 views

Камол НАСРУЛЛО

Аз тарс натарсед, ки ин тарс шумоед,
Яъне, ки пур аз шубҳаву дар заъфу балоед.

Тарсе, ки зи ҷое набувад, аз худатон аст,
Дар ҷони шумо хуфтаву дар мағз ниҳон аст.

Ин тарс чу бархост, шумо лолу забунед,
Бе ҳиммату бе қимату абгору нагунед.

Аз тарс чӣ тарсед, ки тарс ин худатонед,
То чанд дар ин тарс ниҳонед, ниҳонед?

Яъне на шумоед шумо, тарс чу доред,
Як умр ба тан ларза шумо дар таҳи доред.

Ин тарс гуноҳ аст, ки чун мор, чу гург аст,
Як зарра, ки дар пеши шумо кӯҳи бузург аст.

Аз тарс чӣ тарсед, ки мавҷуд надорад,
Дар асл худаш нест, ягон буд надорад.

Дар асл ҳама бофтаи табъи заиф аст,
Бе появу бе мояву бе рангу касиф аст.

Дар умқи шумо ҷо шудаву хӯрд шуморо,
Занҷир заду ҳамчу сагон бурд шуморо.

Тарсу ҳамаи умр гирифтору ғулом аст,
Аз тарс раҳо ёб, ки ин тарс ҳаром аст.

Саг созаду хукат кунаду хар кунад, эй вой!
Ӯро накушӣ, кушта шавӣ, заҳр ба ком аст.

 

Related Articles

Leave a Comment