Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ 8-УМИ МАРТ-РӮЗИ МОДАРОН

8-УМИ МАРТ-РӮЗИ МОДАРОН

by admin
713 views

 

Рӯзи байналхалқии занон дар аввал, рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он на Иди бонувон, балки ҷашни занони инқилобгар ном дошт.

8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он солҳо занон дар як шабонарӯз то 16 соат меҳнат мекарданд, вале музди ночиз мегирифтанд.

Мардон баъди намоишҳои эътирозӣ рӯзи кории худро то 10 соат кам карда буданд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқҳои касаба пайдо шуданд. Пас аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз дар аксари кӯчаҳои Ню-Йорк садҳо занон ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро карданд.

Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил карда буд.

Ҳарчанд барои ин кор рӯзҳои бисёр сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун Зодрӯзи «пролетариати занон» ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфронси дувуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии “Рӯзи муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад ва он бояд «пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ» хизмат кунад. Ҷашнгирии Иди бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Бори аввал Рӯзи байналхалқии занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейтсария ҷашн гирифта шуд.

Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо “Рӯзи Модар” эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.

Ба тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон дар фарҷоми ин суханҳо иброз менамоем, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.

Ид муборак, модари азизам!

Ораз НИЁЗБОҚИЕВ,

донишҷӯи соли 2-юми

факултаи физика ва математика

Related Articles

Leave a Comment