Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ЧАРО БОЯД САЛОМ ДИҲЕМ?

ЧАРО БОЯД САЛОМ ДИҲЕМ?

by admin
1062 views

Яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ин риояи одоби салом аст, ки ба воситаи салом додан ба дилу дидаи ҳар як бузургсолон даромада метавонем. Риояи салом барои ҳар яки мо қарз аст ва ҷавоби саломро гардонидан аз тарафи Худованд барои ҳар яки мо фарз гардонида шуд. Бисёре аз шахсон ин амали некро истифода намекунанд.

Ин амли нек обрӯ ва қудрату нуфузи манзалати шахсро боло мебардорад. Ба бузургсолон ва мо ҷавонон лозим меояд, ки ба кӯдакони дар зинаи хурд қарордошта ин ҳусну амали некро омӯзонем. Ба кадом хотир? Ба хотире, ки масалан кӯдак дар роҳрав ба як калонсол бо лаҳни ширину гуворо салом медиҳад, дар дили он шахс як ҳисси хурсандӣ пайдо мешавад. Ҳарчанд, ки дар дилаш ғаму андӯҳ бошад, бо шунидани ин сӯхани хуб шодмон мегардад. Гузашта аз ин, дар ҷомеаи асри миёнагӣ бошад, ин амал ҷойгоҳи махсус дошт, ки ҳама онро риоя мекарданд. Дар зиндагӣ ҳар чи қадар мушкилӣ моро фарогир бошад, мо бояд одоби хуби саломгӯиро фаромӯш насозем, чунки сӯхан ба монанди тирест, ки баробари аз камон ҷастан касеро ё чизеро ҳалок месозад.

Эй писар гар бештар гӯӣ салом,

Оташи дӯзах шавад бар ту ҳаром.

Дар ин ҷо бошад дигаре аз фазилатҳои инсонӣ, ин одоби неки вай мебошад.

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,

Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо ки хоҳӣ.

Дуруст қайд карда шудааст. Адаб бузургтарин нишонаи инсони комил ба шумор меравад. Адаб ба монанди то ҷоест, ки сазовори ҳар шахс буда наметавонад. Одами боадабро дар ҳама ҷо ва ҳама кас ҳурмат мекунанд ва ӯро намунаи ибрати дигарон қарор медиҳанд. Ин адаб аст, ки шахси бузургро аз пасттинатон, нокасонро аз хирадмандон ва аблаҳу нодонро аз фазилону донишмандон тафовут мебахшад. Адаб ба монанди нурест, ки ҷаҳонро равшани мебахшад.

Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасад,

Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Комилаи ШЕРАҲМАД,

донишҷӯи соли 2-юми

факултаи омӯзгорӣ ва фарҳанг

Related Articles

Leave a Comment