Шахсе, ки айбҳоямро дар рӯям мегӯяд, раҳмати Офаридгор бар ӯ бод. Хоҳӣ, ки айбат пушидаю танат саломат бошад, кам бигӯй ва бисёр гӯш кун. Шахсе ки айби худро намебинад, айби дигаронро бузург мебинад. Барои баъзеҳо ёфтани айби дигарон ба мисли хазина аст ва барои ёфтани он ҳама гуна роҳро паси сар мекунанд, то ба он бирасанд.
Айбҳои дӯстатро дар танҳоӣ ба рӯяш бигӯ, дар назди дигарон бошад, таърифаш кун, то ин ки сарддил нашуда, худро аз дигарон канор нагирад. Айбҳои якдигарро хуш бипазиред, то дӯстию муҳаббат идома ёбад. Агар ақлатро дуруст кор нафармоӣ, пас тамоми вуҷудат аз ту шикоят мекунад. Ақл фиреб кунад ҳам, виҷдон фиреб намекунад, зеро виҷдони пок тамоми зоҳиру ботини шахсро намудор месозад. Бисёриҳо ба насиат гӯш мекунанд, аммо оқилон аз он истифода мебаранд. Оқил ақлашро истифода мебарад, оқилтар аз ақлҳои дигарон истифода мебарад. Ақлу рӯҳ чи қадар аз китоб таъсир гирад, инсон ҳамон қадар ғанӣ мегардад. Ақл низ ба мисли замин аст, эҳтиёҷ ба коштан ва нигоҳу бин дорад. Нуқсони ақл ду навъ аст, яке девонагӣ дигаре ҷоҳилӣ, ақл омода набошад, чашм намебинад.
Зебогии ақл дар забон, зебогии забон дар сухан, зебогии сухан дар шахс, зебогии шахс дар чеҳра, зебогии чеҳра дар чашм аст. Се нишонаи боақлӣ фикри хуб, сухани хуб, амали хуб кардан аст. Ақлу илм се душман дорад: бадӣ, нодонӣ ва танбалӣ. Барои хизмат ба ақли хеш ҷасур бош, зеро ақли ҳама ба мисли рӯяш гуногун аст, дар дунё ягон ақл бе вуҷуди ақли дигар ба миён намеояд.
Шукронаи ШИРИН,
донишҷӯи соли 2-юм факултаи
таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ