Дар шумораи 17-уми рӯзномаи «Анвори дониш» мақолаи Низомиддин Гиёев, донишҷӯи соли 4-уми факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ таҳти унвони «Маънои калимаи тоҷик» чоп шуда буд, ки дар заминаи ҳамон мақола мехостам баъзе чизҳоро илова намоям.
Калимаи «тоҷик» дар таълифоти мутафаккирони Шарқ бо номҳои гуногун: тоҷик, тозик, тожик зикр гардидааст. Аммо ин калима бори аввал дар гуфтаҳои Саъдӣ Шерозӣ дар шакли «тоҷик» омадааст:
Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик.
Дар тамоми гуфтаҳои мутафаккирон калимаи «тоҷик» бо «турк» муқобил гузошта шудааст ва ҳеҷ имкон надорад, ки тоҷиконро як табақае аз туркон номид.
Шакли дигаре, ки бо унвони «тозик» ё «тожик» ном мебаранд, аз он сабаб аст, ки муғулҳо ва туркҳои қадимӣ ҳарфи «ҷ»-ро гуфта наметавонистанд ва дар гап задан ҳарфи «ҷ»-и калимаро ба «з» табдил мекарданд. Аз ҳамин ҷо шакли нави он «тозик» пайдо шудааст. Шакли «тожик» бошад, аз «тозик» пайдо шудааст. «Баъзе котибон ҳангоми рӯйнавис кардани ин калима мебинанд, ки он ба забонашон мувофиқ намеояд ва онро дар шакли «тожик» навиштаанд, — мегӯяд С.Айнӣ».
Муҳаммадҳусайни Бурҳон дар «Бурҳони қотеъ» (Душанбе,1993, саҳ.264, қатори II) , «тоҷик»-ро ғайри араб ва турк гуфтааст ва боз дар поёнтар овардааст, ки «дар асл ба маънии авлоди араб аст, ки дар Аҷам бузург шуда ва баромадааст», ки ин хилофи гуфтаҳои аввалааш мебошад. «Тозик»-ро бошад чунин гарҳ додаст: «Тозик» — авлоди арабро гӯянд, ки дар аҷам зойида ва бузург шуда бошад». Агар «тозик» шакли дигари калимаи «тоҷик» бошад, пас ин мардумро ҳеҷ гоҳ аз авлоди араб гуфтан нашояд.
Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969) «тоҷик» дар ду маънӣ: якум номи яке аз халқҳои Осиёи Миёна; дуввум мардуми ғайри арабу турк, мардуми форсизабон омадааст (саҳ.367, қатори I).
Бар зиммаи ин гуфтаҳо аксари луғатнигорон тоҷиконро ё арабзода ва ё турк гуфтаанд. Масалан, дар «Ғиёсуллуғот», ки дар Ҳиндустон аз тарафи Муҳаммади Ғиёсиддин таълиф шудааст, дар бораи калимаи «тоҷик» чунин маълумот омадааст: «тоҷик» авлоди араб, ки дар Аҷам бузург шуда бошад».
Дар «Бурҳони қотеъ»-и Муҳаммадҳусайни Бурҳон: «тоҷик» ғайри араб ва туркро гӯянд ва дар асл авлоди араб аст, ки дар Аҷам бузург шудаву баромада бошад».
Дар «Қомусулаъмол»-и туркӣ, ки аз тарафи Шамсиддини Сомӣ, ки таълифаш дар охирҳои асри ХIХ тамом карда шудааст, ин эзоҳотро мебинем: «тоҷик» дар асл номи як қавмест аз туркҳо. Дар замони ҳозира ин ном ба як тоифаи аҳолии эрониюласли Осиёи Миёна, ки ба забони форсӣ гап мезананд, дода шудааст».
С.Айнӣ дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» (чопи кириллиаш соли 2010) исбот кардааст, ки тоҷик на араб асту на турк ва на дигару дигарҳо… «Дар хусуси калимаи «тоҷик» ва сабаби дода шудани ин ном ба ин халқ ин аст, ки халқи тоҷик аз ҷумлаи халқи Эрон буда, дар замонҳои қадим маданияти бисёр дурахшон дошт. Бинобар ин, калимаи «тоҷик»-ро, ки мансуб ба «тоҷ» аст, ба ин халқ ба сифати як номи ифтихорӣ додаанд, — гуфтааст И.В.Сталин дар даҳрӯзаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Кремл, 22-юми апрели соли 1941».
Хулоса, калимаи «тоҷик» аз се ҷузъ: «тоҷ – и – к». Якум «тоҷ» аст, ки зинати сари подшоҳон ва нишонаи подшоҳии онҳост; дуввум ҳарфи «ӣ» — и нисбат аст. Масалан, мо самарқандӣ, бухороӣ гӯем, ҳамин «ӣ» ҳамроҳ шуда, шахсҳои ба ин шаҳрҳо мансубро мефаҳмонад; саввум «к» -и исмӣ аст. Ҳар вақт калима сифатеро, ё калимаи исми онро номи чизи махсус кардан хоҳанд, ин ҳарфро дар охири он калима ҳамроҳ мекунанд ва ин ҳарф ин калимаро исми хос мегардонад.
Хонандаи арҷманд метавонад маълумоти бештарро аз китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» — и Садриддин Айнӣ, ки бо ҳуруфоти кириллӣ бори аввал соли 2010 чоп шудааст, дастрас намуда, мутолиа намояд.
Саидшо УМАРЗОДА,
донишҷӯи соли 4-уми факултаи
филологияи тоҷик ва журналистика