Яке аз сабабҳои асосии нахондани ҷавонон ин кинофилмҳои туркӣ мебошад, чунки ёду хаёли онҳоро ба худ ҷалб намудааст. Чи тавре ки мебинем, дар назди мағозаҳои дискфурӯшӣ ҷавонон барои харидорӣ намудани кинофилмҳои туркӣ ҳатто дар навбат истодаанд, лекин дар назди ягон китобхона ҷавонеро намебинем, ки барои ягон китобе интизор бошад.
Ман як ҷавон дар бораи як филм суол намудам ва ӯ то охираш онро ба ман нақл намуд, аммо вақте аз мавзӯи дарсаш суол кардам, ҳато номи мавзӯъро намедонад.
Сабаби дигараш ин бозихои телефонӣ мебошад. Имрӯз аксари ҷавонон ба бозиҳои телефон машғул ҳастанд. Вақти худро бо бозиҳои телефонӣ мегузаронанд. Телелефонро барои кори зарур бояд истифода намуд. Баъзе ҷавонон телефонро на барои кори зарур, балки барои бозиҳояш истифода мекунанд. Зиёд истифода бурдани телефон зарар дорад, аммо ҷавонон инро мушоҳида намекунанд.
Сабаби дигараш бошад, ин интернет мебошад. Интернет истифода бурдан хуб аст, агар онро хуб истифода намоӣ, аммо баъзе ҷавонон онро барои корҳои дигар истифода мебаранд. Агар ба солҳои пештара назар андозем, дар он солҳо на интернет буду на имову вайбер, аммо чавонон босавод буданд.
Сабаби дигараш ин бемасулиятии падару модарон мебошад. Агар падар дар оила сахтгир бошад, писари худро аз ҳама ашёи хониш тамин менамояд, кор беҳтар мешавад. Писар ҳар гоҳ аз дарс омад, дафтарҳояшро бинад, рӯзномаашро назорат кунад, ки писараш имрӯз кадом фанро ҷавоб гуфтааст. Аз ҳамаи падару модарон хоҳиш менамоям, ки нисбат ба фарзандони худ боаҳамият бошанд.
Иғболшо НАБИЕВ,
донишҷӯи соли 3-юми
факултаи молиявию иқтисодӣ