(Навқалам)
Кунад ин дидиаву дил модарро ёд,
Ки сабри модари ман ҳамчу пулод.
Ҳар он чи дида бинад, дил шавад шод,
Кунам шукронаи в-он модарам дод.
Дарахти меҳр руста аз равонаш,
Валекин хира гашта дидагонаш.
Ба дардаш карда хунолуд дида,
Умед аз ҷони ширинаш бурида.
Зи рӯяш рафта ранги зиндагонӣ,
Ба ӯ пайдо нишонӣ меҳрубонӣ.
Ба ҳар коре ки ӯ андеша кунад,
Гаҳе бо дил сабурӣ пеша кунад.
Зи модар зортар зоре набошад,
Зи ранҷи ӯ бадтар коре набошад.
Агар пурсӣ, ки модар чист ҳолат,
Кунад шукронаю дигар нанолад.
Дили модар дар оташ сол то сол,
Напурсад ҳеҷ кас вайро аз он ҳол.
Ту ай Шоҳ Мансур қадри он дон.
Ки меҳри модар аст дар дидаву ҷон.
Шоҳмансур РАБИЕВ,
донишҷӯи соли 3-юми
факултаи филологияи рус