Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ МАМНӮЪГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН

МАМНӮЪГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН

by admin
842 views

Дар ҷумҳурии мо мамнӯъгоҳҳои “Бешаи палангон”, “Ромит”, “Даштиҷум”, “Сарихосор” ва монанди инҳо ташкил карда шудаанд. Дар бораи дутои онҳо, ки маъмултарин ба шумор мераванд маълумот медиҳем.

Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” дар поёноби дарёи Вахш, дар ноҳияҳои Дӯстиву Шаҳритӯз ташкил ёфтааст. Дар ин мамнуъгоҳ гавазн, харгӯш, ҷайра, шағол, муши оби, оҳӯ, гург, парандаю морҳои гуногун,моҳиҳо зиндагӣ мекунанд. Аз растаниҳо сӯнҷид, найшакар, бутаҳои гуногун мерӯянд.

Дар ҳудуди мамнуъгоҳ зиёда аз 20 кӯл мавҷуд аст. Дар ин кӯлҳо қариб 20 навъи моҳӣ дучор меояд.

Мамнуъгоҳи “Ромит” дар қаторкӯҳи Ҳисор, ки ба қаламрави шаҳри Ваҳдат дохил аст, ташкил ёфтааст. Дар ин мамнӯъгоҳ аз наботот бутаҳои зирк, настаран, чормағз, себ, анор, арча ва гиёҳҳои зиёд мерӯянд; аз ҳашароту ҳайвонот моҳӣ, мор, хирс, паланг, рӯбоҳ, қашқалдоқ, гавазн, ва ғайра; аз парандаҳо кабк, мурғи ҳилол, бум, кабутар ва монанди инҳо зиндаги мекунанд.

Орзуи НУРАЛӢ,

донишҷӯи соли 2-юми

факултаи филологияи хориҷӣ

Related Articles

Leave a Comment