Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ КИТОБХОНА ВА ҶОМЕА

КИТОБХОНА ВА ҶОМЕА

by admin
383 views

Китобхона яке аз ниҳодҳои пурқудрати илмиву амалӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар он дастовардҳои беҳтарини хаттиву электронии инсоният захира ва мавриди истифода қарор дода мешавад.

Китобхонаи имрӯза на танҳо дар баландбардории донишу маънавиёти инсон, балки дар рушди ҷаҳонбинӣ, забономӯзӣ, меҳанпарастиву инсондӯстӣ, ташаккули ҳувияти милливу хештаншиносӣ, такмили малакаи истифодаи таҷҳизоту васоити инноватсионии иртиботӣ, ошноӣ бо иттилооти замонавию дастовардҳои ҷаҳони муосир таъсири бориз дорад ва аз ҳама муҳим зеҳни шахсияти китобдӯстро равнақ медиҳад.

Беҳуда нест, ки имрӯз китобу китобдорӣ ба мавзӯи рӯз табдил ёфтааст. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон иброз намуданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад». Мисоли равшани гуфтаҳои Пешвои миллатро мо дар фаъолияти китобхонаҳои бузурги хориҷӣ мебинем, ки аз захираи бузурги онҳо на танҳо хонандагони кишвар, балки тамоми ҷаҳон самаранок истифода мебарад ва эҳтиёҷоти хешро тавассути фонди анъанавӣ ва ё захоири китобхонаи рақамии маҷозӣ (вертуалӣ) қонеъ мегардонад. Тамоми кишварҳои мутараққии дунё захираи иттилоотии рақамии маҷозии хешро бо истифода аз шабакаи доимоамалкунандаи интернет ба хонандагон манзур менамоянд ва бо ин роҳ як қисми хароҷоте, ки китобхонаҳо дар бунёди пойгоҳҳои электронӣ (таҷҳизот, технология ва такмили ихтисоси кормандон) сарф кардаанд бармегардонанд.

Муҳимияти ин пойгоҳҳо дар он аст, ки тамоми китобхонаҳои хурду бузурги кишвар ба он пайваст мебошанд ва маводи заруриро метавонанд бемамониат дастраси хонанда гардонанд ва ё худи хонанда, агар узви китобхона (соҳиби корт ва ё иҷозати воридшавӣ ба ин захира) бошад, дар мавриди зарурат (рӯзона ва ё шабона) аз он истифода менамояд. Ин низоми густурда метавонад дар кишвари мо низ татбиқ карда шавад, чунки имрӯз бо дастгирии Сарвари давлат китобхонаи бузургу барҳаво ва бо тамоми таҷҳизоту технологияи муосири иртиботӣ таъмин, аллакай, мавҷуд аст ва танҳо китобхонаҳои поёниро (вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳот) бо таҷҳизоту технологияи замонавӣ таъмин ва ба шабакаи интернет пайваст кардан зарурат дорад. Аз ҷумлаи ибтикороти ҳадафрас ва манфиатбори соли охир Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” буд, ки он тавонист дар атрофи худ ҳазорон дӯстдорони китобу маънавиёт, илму адаб ва фарҳангро ҷалб созад ва дар ҷомеаи тоҷик таҳаввулоти ҷиддие дар самти рӯ овардан ба китобу хониш, донишандӯзиву азбарнамоии осори гаронмояи ниёгону адибони муосир роҳандозӣ намояд.

Толиби САИД,

донишҷӯи соли 4-уми

факултаи таърих, ҳуқуқ

ва муносибатҳои байналмилалӣ

 

Related Articles

Leave a Comment